Суқути ҳавопаймои низомии Русия се қурбонӣ бар ҷой гузошт+Филм

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, ҳавопаймои ҳарбии нақлиётии "Ил-112" бо се сарнишин дар наздикии Маскав суқут кард ва ҳамаи сарнишинони он кушта шуданд.

Ҳавопаймои “Ил-112” ҳангоми парвози санҷишӣ ва таълимӣ дар наздикии пойтахти Русия суқут карда ва ҳар се сарнишинаш кушта шуданд.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, таҳқиқоти пешакӣ нишон медиҳанд, ки се мард дар ҳавопаймо будаанд ва касе наҷот наёфтааст.

Ил-112В нахустин парвози худро дар соли 2019 анҷом дода буд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои суқути маргбори Ил-112 нашр шудааст, аммо мақомоти Русия то ҳол дар бораи дурустии ин видео изҳори назар накардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад