Манъи вуруди 99 ҳазор шаҳрвандони хоирҷӣ ба қаламрави Русия

Мақомоти Русия вуруди қариб сад ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба кишварашонро манъ карданд.

Қарори манъи вуруди шаҳрвандони хоирҷӣ ба Русия дар нимаи аввали соли ҷорӣ нисбати наздики 99 ҳазор хориҷӣ қабул шудааст.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба маркази матбуоти ВКД Русия хабар дод. Дар паём гуфта мешавад: “Дар нимаи аввали соли 2021 бо сабабҳои гуногун қариб 99 ҳазор нафар ба Русия иҷозаи вуруд нагирифтанд”.

Қаблан генерал-полковники милитсия Александр Горовой, муовини аввали вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия гуфта буд, ки ҷинояткорӣ дар Русия дар байни шаҳрвандони хориҷӣ аз аввали сол 5% афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин хабар дода шуд, шаҳрвандони хоирҷӣ ва муҳоҷироне, ки дар задухӯрдҳо иштирок мекунанд, метавонанд як умр аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шаванд.

Дар ҳамин ҳол, аз аввали соли 2021 даромади муҳоҷирони корӣ дар Русия якбора афзоиш ёфт.

Ҳушдори вазорати меҳнат ба муҳоҷирон: то 30 сентябр буду бошатонро дар Русия қонунӣ кунед.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират ба шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ иттилоъ додааст, ки расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ барои иқомат дар кишвари будубош ва иҷозати фаъолияти меҳнатӣ идома дорад.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия қайд кардаанд: “Пас аз 30 сентябри соли равон шаҳрвандоне, ки расман ба қайд гирифта нашудаанд аз кишвари иқомат ихроҷ карда мешавад”.

Намояндагии Вазорати меҳнат иттилоъ додааст, ки дар ҳолати пайдо шудани мушкилӣ барои расмикунонӣ дар иқомат, муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ба намояндагӣ муроҷиат намоянд.

Ҳамин тавр, дар моҳи июн шаҳрвандони хориҷие, ки дар Федератсияи Русия кор мекунанд, ба ватан 720 миллион доллар интиқол доданд – ин беҳтарин нишондод дар се соли охир ба шумор меравад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад