Тақвияти Пойгоҳи низомии 201-и Русия пас аз ташдиди вазъ дар Афғонистон

Бо ташдиди вазъ дар Афғонистон Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон тасмими ба тақвияти худ гирифтааст.

Минтақаи низомии марказии неруҳои мусаллаҳи Русия аз тақвияти Пойгоҳи 201-и Русия, воқеъ дар Тоҷикистон а далели вахим шудани вазъият дар Афғонистон хабар дод.

Тақвияти пойгоҳи низомии 201-и Русия дар хоки Тоҷикистонро минтақаи низомии марказии ин кишвар аз ба далели ташдиди шароит дар Афғонистони ҳамсоя дар дастури кор қарор додааст.

Бар асоси ин гузориш, Пойгоҳи низомии 201, мустақар дар хоки Тоҷикистон бо силоҳҳои таҳоҷумии ҷадиди клашинков ОК-12, тапончаҳои ёригин, аслиҳаи тактирандози колибери бузург, шуълаафканҳо бо бурди баланд ва системҳои мушакии зиддиҳавии қобили ҳамл ба номи варбо муҷаҳаз шуданд.

Тамоми ин силоҳҳо тавассути воҳидҳои низомии Русия дар ҷараёни тамринҳо муштарак бо Тоҷикистон Узбекистон, ки пас аз ташдиди вазъият дар Афғонистон баргузор шуд, истифода шудаанд.

Ахиран низомиёни рус ҳамроҳи ҳамтоёни тоҷик ва узбек дар размоиши муштараке, ки дар “ҳарби майдон”, минтақаи вилояти Хатлони Тоҷикистон, дар 20 киллометрии марз бо Афғонистон баргузор шуд, ширкат карданд.

Ба таври куллӣ, дар ин размоиши муштараки низомӣ, ки аз 5 то 10 август идома дорад, 2,5 ҳазор нафар ва қариби 500 воҳиди силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ ширкат карданд.

Қайд карда мешавад, ки пас аз хуруҷи неруҳои Амрико ва ҳамчунин Нато аз хоку қаламрави Афғонистон, гуруҳи Толибон мавқеиятро фароҳам дода ва аз фурсат истифода карданд ва нуфузи худ дар Афғонистонро оғоз кардаанд.

Дар ин муддат музокираҳои гуногун аз ҷумла музокироти Қатар анҷом шуд ва ба назар мерасад феълан наметавонанд ба як оташбас даст ёбанд ва дар музокироти Қатар ҳам тарафайн ба ҳамин хулоса расида буданд.

Ҳоло Толибон нуфузи зиёде пайдо кардааст ва бар асоси иддаои худашон беш аз 90 дарсади Афғонистонро дар тасарруфи худ дорад. Равшан аст, ки бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти ҷуғрофиёии Афғонистон, нуфузи Толибон метавонад як таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон бошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад