Қундуз ва Сарипул дар ишғол ва тасарруфи гуруҳи Толибон

Гуруҳи Толибон маркази вилояти Қундуз ва Сарипул дар шимоли Афғонистонро ишғол кардааст.

Ҳамлаҳои ҷангҷӯёни гуруҳи Толибон ба маркази Сарипул чанд рӯз аст, ки давом дошт ва ахиран контроли ин шаҳр комилан ба дасти Толибон афтодааст.

Расонаи русӣ ва хабарии Правда бо ишора ба инки Қундуз муҳимтарин шаҳри стратегӣ дар шимоли Афғонистон ба ҳисоб меояд навиштааст: “Неруҳои амниятии Афғонистон ба як пойгоҳи низомии берун аз шаҳр интиқол дода шуданд. Дар наздикии пойгоҳ задухӯрдҳо идома доранд”.

Амриддин Валӣ, узви Шӯрои вилоятии Кундуз, низ гуфт, ки даргириҳо байни нерӯҳои амниятӣ ва ҷангҷӯёни Толибон ду рӯз боз идома доранд ва ҳоло ҷангҷӯёни гуруҳи Толибон Кундузро таҳти назорати худ гирифтаанд.

Вай гуфт, ки неруҳои амниятӣ ва мақомоти маҳаллӣ ба фурудгоҳи Қундуз ақибнишинӣ кардаанд ва дар ҷараёни даргириҳо бархе аз дӯконҳо ва мағозаҳо дар маркази шаҳр оташ гирифтаанд.

Гуруҳи Толибон ба тасарруфи вилоятҳои Қундуз ва Сарипул ишора карданд.

Ба гуфтаи шоҳидони айни замон, ҷангҷӯёни Толибон маҳбусонро пас аз забти Қундуз раҳо кардаанд.

Пас аз авҷ гирифтани хушунатҳо дар Афғонистон, сафоратхонаҳои Амрико ва Бритониё дар Кобул аз шаҳрвандони худ дар Афғонистон даъват карданд, ки ҳарчӣ зудтар ин кишварро тарк кунанд.

Пас аз хуруҷи неруҳои Амрико ва ҳамчунин Нато аз хоку қаламрави Афғонистон, гуруҳи Толибон мавқеиятро фароҳам дода ва аз фурсат истифода карданд ва нуфузи худ дар Афғонистонро оғоз кардаанд.

Дар ин муддат музокираҳои гуногун аз ҷумла музокироти Қатар анҷом шуд ва ба назар мерасад феълан наметавонанд ба як оташбас даст ёбанд ва дар музокироти Қатар ҳам тарафайн ба ҳамин хулоса расида буданд.

Ҳоло Толибон нуфузи зиёде пайдо кардааст ва бар асоси иддаои худашон беш аз 90 дарсади Афғонистонро дар тасарруфи худ дорад. Равшан аст, ки бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти ҷуғрофиёии Афғонистон, нуфузи Толибон метавонад як таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон бошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад