43 ҳазор низомӣ дар омодагии комил барои муқобила бо ҳар навъ шароити изтирорӣ ҳастанд

Вазири дифои Русия имрӯз дар суханоне эълом кард: 43 ҳазор низомӣ дар омодагии комил барои муқобила бо ҳар навъ шароити изтирорӣ ҳастанд.

 

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Сергей Шойгу вазири дифои Русия имрӯз ҷумъа дар суханоне эълом кард: ҳаддиақал 43 ҳазор низомӣ дар омодагии комил барои муқобила бо ҳар навъ шароити изтирорӣ ҳастанд.

Вазири дифои Русия дар нишасте дар “Красмаш”, дар ин хусӯс гуфт: вазорати дифои Русия ҷудо аз мардум ва мушкилоти онҳо нест. Нерӯҳои мусаллаҳ муратаббан анҷоми вазоифи марбут ба ҷилавгирӣ ва аз байн бурдани авоқиби ҳаводиси изтирорӣ машғӯл ҳастанд. Дасти кам 43 ҳазор низомӣ ва беш аз 4 ҳазор воҳиди таҷҳизоти мухталиф дар омодагии доим ба сар мебаранд.

Сергей Шойгу, дар идома изофа кард, ки танҳо дар 5 соли ахир 56 минтақаи Русия кӯмакҳоеро дарёфт кардаанд, ки нерӯҳои мазкӯр 271 мартаба барои кӯмак даст ба кор шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад