Тирандозии низомиёни Арманистон ба мавозеъи Озарбойҷон дар минтақаи марзӣ

Нерӯҳои Арманистон ба тирандозӣ ба мавозеъи артиши Озарбойҷон дар минтақаи марзии ду кишвар идома медиҳанд.

 

Вазорати дифои Озарбойҷон бо интишори баёнияе эълом кард, ки нерӯҳои артиши Арманистон бори дигар ба мавозеъи артиши Озарбойҷон дар марзи бо ин кишвар оташ гушӯдаанд.

Дар ин баёния эълом шудааст: рӯзи 5 август, аз мавозеъи наздики рӯстои Ороздин дар устони Вадии Арманистон, мавозеъи Озарбойҷон дар минтақаи Ҳайдаробод дар шаҳри Садраки Нахчувон байни соати 23:00 то 23:50 мавриди ҳамла қарор гирифт.

Дар ин баёния омадааст, ки мавозеъи Озарбойҷон дар рӯстои Ист-Сӯи Калбаҷар низ аз рӯстоӣ “Юҳари Зағалӣ” дар устони Башарчерии Арманистон мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Вазорати дифои Озарбойҷон бо ишора ба инки посухи муносиб дода шуда ва авзоъ таҳти кантрол аст эълом кард, ки ин ҳамалот талафоти ҷонӣ надоштааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад