Дар дидори Қолибоф ва Зокирзода чи гузашт ?

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммадбоқири Қолибоф дар дидор бо ҳамтои тоҷикистонии худ Муҳаммадтоир Зокирзода бар иҷро шудани тавофуқоти Теҳрону Душанбе таъкид кард.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммадбоқири Қолибоф дар дидор бо ҳамтои тоҷикистонии худ Муҳаммадтоир Зокирзода бар иҷро шудани тавофуқоти Теҳрону Душанбе таъкид кард.

Муҳаммадбоқири Қолибоф дар дидор бо Муҳаммадтоир Зокирзода бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ, забонӣ ва таърихии ду кишвар гуфт: Афзоиши иртибототу ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф, ба вижа дар арсаи иқтисодиву тиҷорӣ ба нафъи мардуми ду кишвар аст.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон аз раванди тавсеаи муносиботи дӯстона миёни ду кишвар дар арсаҳои мавриди алоқа ҳимоят кард ва дар поёни ин дидор бар зарурати иҷро шудани тавофуқоти имзошуда миёни ду кишвар таъкид кард.

Ҳамчунин Муҳаммадтоир Зокирзода дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз сафар ба Ҷумҳурии исломии Эрон барои ширкат дар маросими савгандёдкунии сездаҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ гуфт: Тавсеаи муносиботи ҳамаҷониба бо Эрон ба далели ҷойгоҳи мардум дар минтақаву ҷаҳон барои масъулони тоҷикистонӣ аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст.

Раиси Маҷлиси Тоҷикистон бар аҳамияти иртибототи порлумонӣ миёни ду кишвар таъкид карду афзуд: Густариши ҳамкорӣ миёни бахшҳои мухталифи маҷлисҳои ду кишвар аз қабили комиссияҳои тахассусӣ ва гурӯҳҳои дӯстии порлумонӣ ба иҷро шудани тавофуқоти басташуда миёни Теҳрон – Душанбе кумак мекунад.

Ба назар мерасад баъд аз сардии чандсолаи равобит миёни Тоҷикистон ва Эрон, дубора равобити ин ду кишвар махсусан баъд аз интихоби  Сйаид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури ҷадиди Эрон, дубора беҳбуд ёбад.

Албата бояд ёдовар шавем, ки Эрон аввалин кишваре буд, ки баъд аз истиқлолияти Тоҷикистон аз Ҷамоҳири Шуравӣ сафорати худ дар Тоҷикистонро барқарор кард ва солҳо равобити олӣ дар ҳамаи заминаҳо доштанд вале дар солҳои ахир баъзе аз кишварҳои дигар бо ҳадафҳои ғайри дустона дар Тоҷикистон нуфуз ва равобити ин ду кишварро тахриб карданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад