Исмоил Ҳания муҷаддадан ба унвони раҳбари “Ҳамос” интихоб шуд

Шӯрои марказии Ҷумбиши Ҳамоси Исмоилӣ "Ҳания "- ро муҷаддадан ба унвони раиси дафтари сиёсии ин ҷумбиш интихоб кард.

 

 

Як манбаи огоҳ дар Ҷумбиши Муқовимати Исломии Фаластин “Ҳамос”, ба манобеи хабарӣ гуфт: шӯрои марказии Ҳамос имрӯз бо баргузарии ҷаласае “Исмоили Ҳания”-ро муҷаддадан ба унвони раиси дафтари сиёсии ин ҷумбиш (болотарин ҳайати иҷроӣ ин ҷумбиш) интихоб кард.

Ваий афзуд: пас аз канор рафтани Холид Машъал, раиси собиқи ин ҷумбиш аз номзадӣ, аъзои шӯро “Исмоили Ҳания”-ро муҷаддадан ба ин симат барои 4 соли оянда интихоб карданд.

“Исмоили Ҳания” барои нахустин бор дар соли 2017 ба унвони раҳбари дафтари сиёсии “Ҳамос” ба ҷои Холид Машъал интихоб шуда буд.

Интихоботи дохилии Ҷумбиши Ҳамос, дар моҳи феврали имсол дар навори Ғазза, Каронаи Бохтарӣ ва минтақаи хориҷи арозии Фаластини ишғолӣ оғоз шуд.

Дар таърихи 10 марти гузашта “Яҳё Ас-Сенвар”, бори дигар ба унвони раиси Ҳамос дар навори Ғазза, дар таърихи 12 апрели Холид Машъал, раиси собиқи дафтари сиёсии Ҳамос ба унвони раҳбари ин ҷумбиш дар хориҷ аз Фаластин ва дар таърихи 4 июли гузаштаи “Солеҳ Ал-Арурӣ” ба унвони раҳбари Ҳамос дар Каронаи Бохтарии ишғолӣ интихоб шуданд.

Ин интихобот ҳар чаҳор соли як бор баргузор мешавад, ки дар ин давр “Исмоили Ҳания”, ба унвони раҳбари дафтари сиёсии “Ҳамос” интихоб гардид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад