Хоҳари раисҷумҳури Тоҷикистон даргузашт

Хоҳари раисҷумҳури Тоҷикистон шоми 20-уми июл дар бемористони ҳукуматии Душанбе даргузашт.

Хоҳари раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Қурбонгул Раҳмонова даргузашт.

Бар асоси гузориши Сомонаи Озодӣ хоҳари раисҷумҳри Тоҷикистон ба сабаби гирифторияш ба бемории коронавирус фавтидааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки Раҳмонова даҳ рӯз дар бемористон бистарӣ будааст.

Қурбонгул Раҳмонова ҳамсари Холмӯъмин Сафаров, раиси собиқи корхонаи давлатии “Хоҷагии ҷангал ва шикор” буд, ки соли 2012 дар маҳаллаи “Автовокзал”-и Душанбе кушта шуд.

Маросими дафни хоҳари раисҷумҳри Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл дар деҳаи Маликоваи ноҳияи Данғара баргузор хоҳад шуд.

Дар камтар аз як моҳ ин дувумин намояндаи хонаводаи президенти Тоҷикистон аст, ки ба иттилои манобеъ (мақомот расман намегӯянд) бо гумони гирифторӣ ба бемории коронавирус мефавтад.

Рӯзи 5-уми июл Узбекбӣ Асадуллоева, хушдомани раисҷумҳри Тоҷикистон, ки бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология бистарӣ буд, даргузашт.

Мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то охири моҳи июни имсол пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар сирояти коронавирус сабт нашудааст.

Ситоди муқобила бо коронавирус танҳо 21-уми июн тасдиқ кард, ки дар кишвар сокинон ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд.

Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти бемории ҳамагир то 20-уми июл дар Тоҷикистон 14228 кас бемор шуда, 97 дарсад шифо ёфтаанд ва 114 кас ҷони худро аз даст додаанд, вале шубҳаҳо ба дурустии омор ҳамчунон боқист.

Ҳар рӯз чандин нафар аз бемориву марги наздикони худ бар асари коронавирус ё касалиҳои монанд ба он хабар медиҳанд.

Мақомот на ҳамаи ин мавридҳоро мепазиранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад