Сабти 52 ҳолати нави коронавирус дар кишвар

Дар Тоҷикистон 52 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 52 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 41 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шудан..

Инчунин аз бемории мазкур 1 нафар фавтидааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 19 июл дар кишвар 14177 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13758 нафар (97,0%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 112 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад