Ҳамлаи шаҳракнишинони яҳудӣ ба Масҷидул-Ақсо

Даҳҳо тан аз шҳркнишинони яҳудӣ бо ҳимояти низомиёни саҳюнистӣ ба "Масҷидул-Ақсо" ҳамла бурданд .

 

Идораи авқофи исломӣ дар Қудси ишғолӣ, имрӯз душанбе тайи иттилоъияе эълом кард : 63 тан аз шаҳракнишинони яҳудӣ ба Масҷидул-Ақсо дар Қудси ишғолӣ ҳамла бурданд .

Бар ин асос, ҳамлаи шаҳракнишинони яҳудӣ бо ҳимояти низомиёни саҳюнистӣ ва аз дарвозаи Ал-Мағозиба анҷом гирифтааст .

Гуфтанӣ аст, таъаррузи шаҳракнишинони яҳудӣ таҳти тадобири амниятии полис ва низомиёни палиди саҳюнистӣ ба “Масҷидул-Ақсо” тақрйбан ба одати рӯзмарра табдил шудааст .

Режими саҳюнистӣ, қасд дорад заминаро барои тасаллути комил бар ин масҷид ва тақсими замонӣ ва маконии он миёни яҳудён ва мусулмонон фароҳам кунад .

Идораи авқофи исломии шаҳри Қудс, вобаста ба вазорати авқофи Урдун ҳамвора ин иқдоми шаҳракнишинон яҳудиро маҳкум карда ва хоҳони таваққуфи онаст .

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад