Тасвиби қонуни нави парлумон дар мавриди интихоби раисон

Парлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонунгузории кишвар дар мавриди интихоби раисон дар маҳаллаҳоро қабул кард.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ” тағйирот ворид кард, ки интихоби раисҳор ба танзим медарорад.

Муҳаммад Шодиён, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва ­худидоракунии маҳаллӣ, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бар асоси иловаҳо раиси маҳалла шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад:

Шодиён аз меъёри нави қонун дар Тоҷикистон иқтибос овард: “Забони давлатиро донад, дар ҳудуди ҳамон маҳалла на камтар аз 5 соли охир истиқомат карда, қобилияти ташкилотчигӣ дошта бошад”.

Бар асоси меъёрҳои ҷадид, шаҳрванде, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ дорад, барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ё бо асосҳои ғайрисафедкунанда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидааст, раиси маҳалла интихоб шуда наметавонад.

Дар мавриди маҳаллаҳое, ки нав таъсис ёфтаанд, тавзеҳ дода шуд, ки ба онҳо талаботи истиқомат тайи 5 соли охир дар маҳалла рабт надорад.

Ба гуфтаи Шодиён ин тағйирот ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурӣ мухолисфат надорад ва маблағи иловагиро талаб намекунад. Дар пайи муаррифӣ Маҷлиси намояндагон тағйироти мазкурро қабул кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад