Оё Раҳмон “ваҳдати миллӣ”-ро дуруст фаҳмидааст?

Созишномаи истеқорори сулҳ дар 27 июни 1997 имзо шуд ва аз он замон ҳамасола ба унвони Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад.

Таърихчаи Рӯзи ваҳдати миллӣ

Дар таърихи 27 июни соли 1997 – баъди 8 даври гуфушуниди (1994-1997) байни тоҷикон (ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин), дар шаҳри Маскав, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Сайид Абдуллои Нурӣ, роҳбари иттиҳодияи мухолифини тоҷик “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” имзо гардид.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 5 майи соли 1992 то 27 июни соли 1997) зиёда аз 100 ҳазор одамон қурбон шуда, тахминан 1 миллион гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ зарари моддӣ дидаанд. Зарари иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” мамлакатро то ҳадде аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.

Рӯзи 27 июн тибқи қонуни кишвар “Дар бораи рӯзҳои ид”, ҳамчун “Рӯзи ваҳдати миллӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ доир мешаванд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳеҷяк аз ин ҷашнҳо тарафи дигари сулҳ вуҷуд надорад ва фақат ҷониби ҳукумат то ҳоло майдони суҳбати сухан ва албатта суркубро дар ихтиёр доштааст.

Ҷашни мазкурро ба хотири он иди Ваҳдати миллӣ ном ниҳоданд, ки он аз иттиҳоди мардуми тоҷик, аз сарҷамъии тамоми сокинони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарак медиҳад. Ин ҷашни муттаҳидии ҳамаи бошандагони Тоҷикистон аст.

Маҳз 27- уми июни соли 1997 дар Кремли шаҳри Маскав дар нӯҳумин гуфтушуниди сулҳ, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон Саид Абдуллоҳ Нурӣ, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли”-ро ба имзо расониданд.

Ин ҳуҷҷати муҳим ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба ҷумҳурӣ сулҳу субот овард. Ҷанги шаҳрвандие, ки панҷ сол давом кард, боис ба ҳалокати беш аз 150 ҳазор нафар гардид. Миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуреза шуда, мӯҳтоҷи кумаки дигар кишварҳо гардиданд. Тибқи маълумоти мухталиф, хисороти молие, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон оварда буд, ба 7 миллиард доллари амрикоӣ баробар аст.

Сулҳи дутарафа, пойбандии яктарафа 

Солҳо боз дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ, Эмомалӣ Раҳмон паёмҳо такрории худро ба мардум мерасонад. Раҳмон яктарафа аз ҷониби тамоми касоне, ки дар ин созишнома саҳм доштанд, суҳбат мекунад ва натанҳо худро асосгузори сулҳу ваҳдат медонад, балки мардумро ба ин рӯз шодбош мегӯяд ва ҳам аз хунрезиҳое, ки тарафи асосии он худаш буд, бар дили мардуми мазлуми тоҷик ваҳшат менадозад. Саволе, ки ба зиҳн мерасад ин аст, ки чигуна як тарафи сулҳ метавонад асосгузор бошад? Агар ҷониби дигари сулҳ ба созишнома имзо накунад оё сулҳ барқарор мешавад? Бисёр ҷолиб аст, ки ҳар касе ҳам паёми Раҳмонро нохонда бошад, ҳам метавонад ҳадс бизанад, ки мӯҳтавои паёми шодбоши имсолаи Раҳмон чигуна аст. Раҳмон дар тӯли солҳои гузашта ҳамеша аз он рӯзҳо мардумро метарсонад ва дар набуди озодихоҳону аъзоёни тарафи дигари сулҳ яккатозӣ мекунад. Соддатарин шаҳрванди тоҷик ҳам медонад, ки чӣ касе сулҳро зери пой гузоштааст ва ҷониби дигари сулҳро маҷбур ба фирор аз кишвар кардааст. Бисёр музҳик аст, ки ҷашни ваҳдати миллӣ гирифта мешавад, аммо аъзоёну ҷонибдорони ҷониби дигари сулҳ мавриди озору азияту шиканҷа қарор мегиранд.

Баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳ дар кишвар дигаргуниҳои зиёде омад. Аммо аз соли 2010 вазъият ба куллӣ дигар шуд ва барои ҳукумат – тарафи дигари ваҳдат моҳияти худро аз даст дод ва онҳо худро асосгузори ваҳдати миллат ҳисоб карданд. Баъд фишорҳои рӯи мусулмонҳо ва дар маҷмуъ дин шуруъ шуд. Ва ҳоло ин ҳама давом дорад, ки шояд битавон гуфт, ки пайомадаш метавонад бадтар аз солҳои навадум бошад. Чунки он вақт дар берун аз Тоҷикистон ҳаракатҳои иртиҷоии динию ақидавӣ набуданд, ҳоло ҳастанд ва таҳдидҳо меафзоянд. Ҷанг набояд ба сифати василае барои тарсонидани мардум ва маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқу озодиҳояшон истифода мешуд. Инро намешавад сабақи таърих номид, сабақ метавонист ваҳдати воқеӣ ва ризояти миллии комил бошад.

Акнун пас аз сипарӣ шудани солҳои сол аз Рӯзи ваҳдати миллӣ, миллати тоҷик ҳоло аз ҳақиқати сулҳу созишнома ва дигар паҳлуҳои ин рӯйдод огоҳӣ надоранд ва танҳо касе, ки дар тӯли ин солҳо майдони суханро дар ихтиёр доштааст, ҷониби “пешвои холӣ” будааст, ки гӯё танҳо шоҳиди ҷангҳои шаҳрвандӣ ва созишномаи сулҳ мебошад.

Рӯзи ваҳдати миллӣ дар кишвар камранг шудааст, зеро аз як сӯ таҷлилу таърифҳои такрорӣ ва супоришӣ барои Раҳмон дили ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи ҳукуматдоронро задааст ва аз сӯи дигар саркубҳои серялии давлати истибдодгару зургӯи Раҳмон аз тарафи дигари сулҳ як чеҳраи бад нишон додасст ва ҳоло он чеҳра ва дустдорони он чеҳра ҳам ҳама ё ҳазфи физикӣ шудаанд ва ё фирор аз кишварро бар қарор дар кишвар тарҷеҳ додаанд. Оё ин ҳамон маънои “ваҳдати миллӣ” аст, ки мардуми тоҷик интизорашро доштанд? Дар тӯли ин ҳама сол сухан аз Ваҳдати миллӣ мезанем, дар ҳоле, ки ҷонибдоруну аъзоёну он ё ба супориши Раҳмон аз байн бурда шудаанд ё гурехтаанд. Оё Раҳмон “ваҳдати миллӣ”-ро дуруст фаҳмидааст?

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад