Афзоиши шумораи созмонҳои мубориза бо терроризм дар кишвар

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи афзоиши теъдоди созмонҳои мубориза бо терроризм дар кишварро тасвиб кард.

Ба гузориши сомонаи Toptj, то ба ҳол Вазорати корҳои дохила, Вазорати дифоъ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии давлатии мубориза бо коррупсия, Горди миллӣ ва Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон масъули мубориза бо терроризм дар кишвар буданд, ки ба ин феҳрист номи ду созмони дигар изофа шуд.

Бар асоси мусаввабаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, акнун Додситонии кул ва Агентии давлатии мубориза бо қочоқи маводи мухаддири кишвар низ ба таври мустақим бо терроризм муқобила хоҳанд кард.

Шараф Каримзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон ҳангоми баррасии ин тарҳ дар Маҷлиси намояндагони кишвар гуфтааст, ки Додситонии кул то ба ҳол аз бархе ихтиёрот барои мубориза бо терроризм бархурдор буд, аммо ба таври мустақим дар ин раванд мушорикат надошт.

Акнун аз нигоҳи қонунӣ ва ҳуқуқӣ заминаи мушорикати мустақими Додситонии кул ва Агентии давлатии мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон, барои мубориза бо терроризм фароҳам хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузориши Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар соли 2020 дар кишвар 270 нафар аз аъзову ҷонибдорони гурӯҳҳои террористӣ боздошт шудаанд.

Ҳамчунин 2 ҳазору 71 нафар ба иттиҳоми узвият ва ҷонибдорӣ аз гурӯҳҳои террористӣ таҳти пайгарди қазоӣ қарор дода шудаанд, ки 1 ҳазору 973 тан аз онон боздошт шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад