Боздошти 14 шаҳрванди Узбекистон ба иттиҳоми кӯшиш барои пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ

Неруҳои амнияти Узбакистон дар як амалиёти вижа дар Самарқанд 14 ғайринизомиро бо иттиҳоми кӯшиш барои пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия боздошт карданд.

Вазорати корҳои дохилаи Узбакистон гуфт, ки неруҳои амниятии Узбакистон дар ҷараёни як амалиёти вижа дар Самарқанд 14 нафарро бо иттиҳоми кӯшиши пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия боздошт карданд.

Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти амнияти давлатӣ дар вилояти Самарқанд як амалиёти вижаеро анҷом доданд, ки дастгиршудаҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ зери таъсири ташкилотҳои террористӣ дар Сурия ва Ховари Миёна қарор гирифта, ният доштанд, ки ба саффи онҳо пайванданд.

Дар ҳоли ҳозир боздоштшудагон дар ҷавобгарии қонунӣ қарор доранд ва тафтиши парвандаи онҳо идома дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад