Асоси муносибатҳои боэътимоди Русия ва Тоҷикистон

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон асоси муносибатҳои боэътимоди байни кишварҳоро зикр кард

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов шаҳрвандони Русияро бо иди муҳими давлатӣ табрик гуфт ва зимни суханронӣ ба рушди ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон баҳо дода ва изҳор дошт: “Ман аз таҳи дил мехоҳам шуморо бо Рӯзи Русия табрик намоям. Ба шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва хонаободиро таманно мекунам”.

Ӯ гуфт: “Арзишҳои муштараки маънавӣ ва фарҳангӣ, пайванди шикастнопазири сарнавишти инсонҳо асоси муносибатҳои боэътимоди байни кишварҳо мебошанд”.

Сафир инчунин таваҷҷӯҳро ба саҳме, ки Русия барои ободӣ ва рушди ду кишвар мегузорад, ҷалб кард.

Лякин-Фролов афзуд, ки ҳамватанон барои ҳамгироии иқтисодӣ ва фарҳангӣ талош мекунанд.

Хотиррасон мекунем, ки 12 июн иди муҳими давлатӣ – Рӯзи Русия мебошад. Сана дар тақвим соли 1992 пас аз қарори Шӯрои Олии Федератсияи Русия пайдо шуд.

Он дар ибтидо рӯзи қабули Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии РСФСР номида мешуд. Аз соли 2002 инҷониб ба таври расмӣ Рӯзи Русия номгузорӣ шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад