Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро гусел кард

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Хуҷанд ба Тошканд парвоз кард

Кишвардори Ӯзбекистонро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, раисиҷумури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гусел кард.
Ин сафари раисиҷумҳури Ӯзбекистон бо даъвати ҳамтои тоҷикаш сурат гирифта буд. Шавкат Мирзиёев ду рӯз – 10 ва 11 июн дар Тоҷикистон буд.
Дар ин ду рӯз сарони кишварҳо музокироти сатҳи олӣ баргузор карданду 9 санади нави ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф, аз иқтисод то фарҳангу амниятро имзо карданд.

Тоҷикистону Ӯзбекистон 9 санади ҳамкорӣ имзо карданд
Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев барои кумакаш дар давраи пандемия изҳори сипос кард.
“Мардуми сипосгузори тоҷик, муҳтарам Шавкат Миромонович, кумак дар шакли лавозимоти тиббӣ, беморхонаи сайёр ва инчунин ба Тоҷикистон фиристодани як гурӯҳи вирусшиносони ботаҷрибаро фаромӯш нахоҳад кард”, – гуфт кишвардор.
Мирзиёев аз пешвози гарми ҳамтои тоҷикаш тавсиф намуд.
Ӯ гуфт, аз дақиқаҳои аввали сафар ба Тоҷикистон, меҳмоннавозии тоҷикон эҳсос мешуд. Шавкат Мирзиёевро ҳамчунин рушди шаҳри Душанбе ба ҳайрат овард.
Мирзиёев раисҷумҳури Ӯзюекистон иброз намуданд, ки “Мебинам, ки аз соли 2019 то кунун, Душанбе хеле тағйир ёфтааст. Сохтмон хеле зиёд аст – ин аз рушди иқтисоди Тоҷикистон дарак медиҳад”.

Ҳамин тавр, президенти Ӯзбекистон кишвардори Тоҷикистонро барои анҷоми сафари ҷавобӣ ба ватанаш даъват кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад