Вокуниши раиси Маҷмаи Умумии СММ ба мудохилаи нерӯҳои амниятии Исроил дар Масҷидул-Ақсо 

Раиси Маҷмаи Умумии СММ дар вокуниш ба мудохилаи нерӯҳои амниятии режими саҳюнистӣ дар Масҷидул-Ақсо , ҷомеъаи ҷаҳониро ба рафтори муҳтарамона бо маъобид ба вижа ба Масҷидул-Ақсо фарохонд .

 

 

Волкан Бозкир, раиси ҳафтодупанҷумин давраи Маҷмаи Умумии СММ тайи паёми Тветарӣ, мудохилаи нерӯҳои амниятии режими саҳюнистӣ дар Масҷидул-Ақсоро “Таассуфбор” донист ва ҷомеъаи ҷаҳониро ба рафтори муҳтарамона бо маъобид ба вижа ба Масҷидул-Ақсо даъват кард .

Вай дар ин паём гуфт : аз ҳамлаи полиси режими саҳюнистӣ ба ҳамроҳи бомбҳои савтӣ ба Масҷидул-Ақсо дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон, ибрози таассуф мекунам . ( Ҷомеъаи ҷаҳонӣ)-ро ба рафтори муҳтарамона дар  қиболи маъобид ба вижа Масҷидул-Ақсо, ки барои ҷамъияти 1.8 миллиардии ҷаҳони Ислом, муқаддас ва пур аҳамият аст фаромехонам.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад