Ҳамлаи ваҳшиёнаи низомиёни саҳюнист ба “Масҷидул-Ақсо”

Низомиёни режими палиди саҳюнистӣ, дар идомаи иқдомоти хасмонаи худ ба саҳнҳои "Масҷидул-Ақсо" ҳамла бурданд .

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Фаластин Ал-Явм”, низомиёни режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба иқдомоти хасмонаи худ дар арозии ишғолӣ ва алайҳи муқаддасоти Фаластиниён идома медиҳанд .

Бар асоси ин гузориш, низомиёни режими саҳюнистӣ тайи бомдоди имрӯз шанбе саҳнҳои Масҷидул-Ақсоро ба таври ваҳшиёнае мавриди ҳуҷум қарор доданд . Саҳюнистҳо пас аз ҳамла ба Масҷидул-Ақсо бо Фаластиниён даргир шуданд .

Ин дар ҳолеаст, ки тайи ҳафтаҳои ахир силсилаи таъаррузҳои шаҳрак нишинони режими саҳюнистӣ ба саҳнҳои Масҷидул-Ақсо низ беш аз гузашта ташдид шудааст .

Алорақми эътирозоти густардаи гурӯҳҳои мухталифи фаластинӣ ба тадовуми иқдомоти ҳаттокона алайҳи Масҷидул-Ақсо , ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳеч иқдоме дар ростои мутаваққиф сохтани ин иқдомот сӯрат намедиҳад .

Таъарруз ба Масҷидул-Ақсо дар ростои фароянди яҳудисозии режими саҳюнистӣ ва талош барои тағйири бофти исломии Масҷидул-Ақсо ва низ иҷбори сокинони Қудс ба тарки ин макони муқаддас анҷом мегирад .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад