Режими саҳюнистӣ аз вуруди ҳазорон фаластинӣ ба Қудси ишғолӣ мумониат кард

Низомиён режими саҳюнистӣ, аз вуруди ҳазорон фаластинӣ аз аҳолии Каронаи Бохтарии ишғолӣ ба Қудс барои адои намози ҷумъа дар "Масҷидул-Ақсо" мумониат карданд .

 

 

Низомиёни режими палиди саҳюнистӣ, аз вуруди ҳазорон фаластинӣ аз аҳолии Карона Бохтарии Руди Урдун ба Қудси ишғолӣ барои адои сеюмин намози ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон дар “Масҷидул-Ақсо”, ҷилавгирӣ карданд .

Низомиёни режими палиди саҳюнистӣ, фаластиниёни сокини Каронаи Бохтарии ишғолиро ба баҳона “Адами бархурдорӣ аз муҷаввиз”, аз вурудиҳои Қудс бозгардонданд.

Ҳамчунин режими палиди саҳюнистӣ, вуруди Фаластиниён ба Қудсро машрут ба тазриқи ваксинаи корона кардааст . Танҳо чандин нафар аз Фаластиниёни аҳолии Каронаи Бохтарӣ имрӯз тавонистанд вориди Қудс шаванд .

Гуфтани аст низомиёни режими палиди саҳюнистӣ, тайи чанд соли ахир танҳо барои аҳолии минтақаи қадимии Қудси ишғолӣ, ки “Масҷидул-Ақсо”, дар он воқеъ шудааст, иҷозаи вуруд ба ин масҷидро медиҳад, аммо аз вуруди Фаластиниёни аҳолии Каронаи Бохтарӣ ва Навори Ғазза мумониат мекунанд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад