Миср ҳамалоти режими саҳюнстӣ дар Қудси ишғолиро маҳкум кард

Вазорати умури хориҷаи Миср ташдиди ҳамалоти режими палиди саҳюнстӣ дар Қудси ишғолиро маҳкум кард .

 

 

Вазорати умури хориҷаи Миср тайи баёнияе ташдиди ҳамалот ва таҷовузҳои режими кӯдак куши саҳюнстӣ дар Қудси ишғолиро, ки аз ибтидои моҳи мубораки Рамазон оғоз шудааст, маҳкум кард .

Дар ин баёния омадааст : нигарони захмӣ шудан даҳҳо нафар аз ғайри низомиёни фаластинӣ дар ҷараёни ин даргириҳо ва боздошти бархе аз онҳо тавассути нерӯҳои режими саҳюнстӣ ва гурӯҳҳое аз шаҳрак нишинони яҳудӣ ҳастем .

Дар баёния фавқ тасреҳ шудааст : мақомоти режими саҳюнстӣ, бар асоси қавонини байналмилалӣ бояд иқдомоти лозимро барои муҳофизат аз ғайринизомиёни фаластинӣ анҷом диҳанд . Ҳамчунин бояд аз мумониати вуруди намозгузорон ба Масҷидул-Ақсо тағйири вазъияти таърихӣ ва ҳуқуқии ин макони муқаддас худдорӣ шавад .

Ин дар ҳолеаст, ки ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Фаластин, дируз эълом кард, ки тайи 24 соати гузашта 105 фаластинӣ дар ҳамлаи нерӯҳои режими палиди саҳюнистӣ ба бархе манотиқи маркази шаҳри Қудс захмӣ шудаанд .

Ҳамчунин рӯзи гузашта дар ин ҳамалот беш аз 50 фаластинӣ дар Қудс боздошт ва барои бозҷӯӣ ба марокизи полис мунтақил шуданд .

Низомиёни режими саҳюнистӣ аз ибтидоии моҳи мубораки рамазон ҳамалоти худ ба Фаластиниён дар Қудси ишғолиро ташдид кардаанд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад