Тамрини муштараки низомии Тоҷикистону Русия

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия тамрини муштараки низомӣ баргузор карданд.

Воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳти Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ҷараёни тамрини муштараки тактикӣ дар машқгоҳҳои Момирак ва Самбулӣ гурӯҳи шартии мусаллаҳро нобуд карданд.

Дар марҳилаи оташфшонии тамрин дастгоҳҳои оташфишонии сайёр, танкчиён ва тӯпчиён (артиллеристон) ҳолатҳои пеш бурдани амалиёти ҷангиро оид ба муҳосира ва маҳви душмани шартӣ дар кӯҳҳо бо дастгирии авиатсияи ҷангӣ дар таҷриба санҷиданд. Оташфишонӣ дар масофаи аз 100 то 5000 метр сурат гирифт.

Дар тамрини низомии тактикӣ, ки дар давраи аз 19 то 23 апрел зери роҳбарии фармондеҳи неруҳои Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия генерал-полковник Александр Лапин доир мегардад, зиёда аз 3,5 ҳазор хидматчиёни ҳарбӣ иштирок карда, то 400 адад воҳидҳои техникаи ҳарбӣ сафарбар шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад