Қонуни ҷадид; барканорӣ аз вазифа барои ироаи маълумоту омори бардурӯғ

Бар асоси қонуни ҷадид, ки ҳафтаи равон палатаи болоии парлумони Тоҷикистон қабул кард, барои пешниҳоди иттилои бардурӯғ дар бораи молу дороӣ барканорӣ аз мақом пешбинӣ шудааст.

Дилшод Раҳмон, раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ, тағйирот ба қонун дар бораи судҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд, ки барканорӣ аз мақом барои иттилои дурӯғ дар бораи дороиро пешбинӣ кардааст.

Раҳмон таъкид кард: “Минбаъд, судяе, ки дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ маълумоти бардурӯғ пешниҳод менамояд, аз вазифа бозхонд ё озод карда мешавад”.

Қаблан Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ изҳор дошта буд, ки “ворид намудани талабот вобаста ба пешниҳоди эъломияи даромад ва вазъи молумулкӣ аз ҷониби судя бо мақсади роҳ надодан ба суиистифодаи вазъи ҳуқуқӣ ба манфиати шахсӣ, гурӯҳӣ ва дигар манфиати ғайрихизматӣ равона гардидааст”.

Бар асоси тағйирот, ки палатаи болоии парлумон қабул кард, раиси Суди Олӣ ва раиси Суди Олии иқтисодӣ дар доираи ваколат сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбарро ба кор қабул ва аз кор озод мекунанд, ба раисиҷумҳур дар мавриди шумораи судяҳо, сохтор ва шумораи воҳидҳои кории дастгоҳҳои судҳо пешниҳод ирсол менамоянд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Дилшод Раҳмон навиштааст: “Ҳалли масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судӣ ба зиммаи муовинони раиси Суди Олӣ, аз ҷумла раиси коллегияи ҳарбӣ, гузошта шуда, бо тағйир ба қисми 1 моддаи 63, салоҳияти раиси суди ҳарбии гарнизон дар самти ба кор қабул ва аз кор озод намудани хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии ғайринизомӣ ва хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ)-и суди ҳарбӣ, ба истиснои сардори шуъба, мушовир, пристави судӣ ва ёрдамчии раиси суд, муайян карда шудааст”.

Қонуни ҷадид инчунин матни савганди судя ва ба таври мушаххас тартиби савгандёдкуниро муайян кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад