Иқомаи нахустин намози ҷумъаи моҳи мубораки “Рамазон” дар Масҷидул-Ақсо

Ҳудуди 70 ҳазор нафар, намози нахустини ҷумъаи моҳи мубораки "Рамазон"-ро дар Масҷидул-Ақсо, дар Қудси Ишғолӣ иқома карданд.

 

 

Шайх “Изом Ал-Хатиб”, мудири идораи авқофи исломӣ дар Қудси Ишғолӣ ба хабарнигорон гуфт : беш аз 70 ҳазор фаластинӣ аввалин намози ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро дар Масҷидул-Ақсо, иқома карданд .

Ин дар ҳолеаст, ки низомиёни режими палиди саҳюнистӣ, субҳи имрӯз аз вуруди ҳазорон фаластинӣ аз аҳолии Карона Бохтарӣ ба Қудси Ишғолӣ барои адои нахустин намози ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон дар Масҷидул-Ақсо ҷилавгирӣ карданд .

Низомиёни режими палиди саҳюнистӣ Фаластиниён аз аҳолии Каронаи Бохтарии ишғолӣ ба баҳонаи “адами бархурдорӣ аз муҷаввиз “аз вурудиҳои Қудс бозгардондааст . Танҳо садҳо нафар аз Фаластиниёни аҳолии Каронаи Бохтарӣ имрӯз тавонистанд вориди Қудс шаванд .

Гуфтани аст низомиёни режими палиди саҳюнистӣ, тайи чанд соли ахир танҳо барои аҳолии минтақаи қадимии Қудси Ишғолӣ, ки Масҷидул-Ақсо дар он воқеъ шудааст, иҷозаи вуруд ба ин масҷидро медиҳад, аммо аз вуруди Фаластиниёни аҳолии Каронаи Бохтарӣ ва Навори Ғазза мумониат мекунанд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад