Гузориши Бунёди Бузургмеҳр Ёров аз вазъи бади эпидемиологии зиндонҳо

Бино ба иттилои Бунёди Бузургмеҳр Ёров вазъи санитарию эпидемиологии муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон хело нигаронкунанда аст.

Бар асоси гузориши Бунёди Бузургмеҳр Ёров, дар муассисаи ислоҳии ЯС 3\1, воқеъ дар шаҳри Душанбе муддате чанд рӯз ҳаст, касалиҳои сирояткунандаи инфексионӣ хуруҷ намуда, шумораи зиёди маҳбусон гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас шудаанд.

Ба иддаои ин бунёд муассиса на дорои доруворӣ, лавозимоти тиббист ва на мутахасиси соҳавии тиббӣ дорад. Маҳбусон барои дастрас намудани доруворӣ ба наздикони худ муроҷиат намуда истодаанд.

Дар идома бунёд қайд намудааст, ки тибқи маълумоти расмии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, санаи 17 ва 18 марти соли ҷорӣ Бобозода Умед аз муассисаҳои ислоҳӣ дидорбинӣ кардааст ва таъминоти муассисаҳоро бо доруворӣ хуб баҳо додааст.

Ҳамин тариқ саволи мантиқӣ ба миён меояд, кӣ чаро ҳангоми бо доруворӣ ва табибон таъмин будани муассисаҳои ислоҳи, алалхусус муассисаи ислоҳии ЯС 3\1, шумораи беморони сироятии роҳҳои нафас дар ҳоли афзудан аст.

Ҳамчунин Бунёди Бузургмеҳр Ёров ба Мансурчон Умаров, сардори муассисаи ислоҳии ЯС 3\1 ва сардори СРИҶҶ Вазорати адлия муроҷиат мекунад, ки баҳри ташхиси дуруст, таъмин бо доруворӣ, лавозимотӣ тиббӣ ва табобати маҳбусон тамоми чораҳои заруриро андешанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад