Изҳори омодагии Пашинян барои истеъфо

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ки ӯ истеъфо медиҳад, аммо "танҳо бо қарори мардум".

Ба нақл аз РИА Новости, Пашинян гуфтааст, инчунин омода аст, ки дар сурати гирифтани тасдиқи эътимоди мардум роҳбариро дар Арманистон идома диҳад.

Сарвазир қайд кард кардааст, ки шаҳрвандони кишвар талаби мухолифинро дар бораи истеъфои ӯ дастгирӣ намекунанд.

Ба гуфтаи Пашинян, рақибони сиёсӣ тамоми имкониятҳоро доштанд, ки аз талабҳои онҳо пуштибонии мардум пайдо шавад.

Ӯ гуфт: “Мухолифин дорои захираҳои бузурги молиявӣ, васоити ахбори омма ва ташкилӣ, имкониятҳои васеъ барои ташкили гирдиҳамоиҳо ва тазоҳурот мебошад, аммо натанҳо дастгирии мардумро барои талабҳои худ таъмин карда натавонист, балки шумораи ҷонибдоронашон ба ҳадди аққал расиданд, раванд дар майдонҳо “кӯҳна шуда истодааст “. Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки мо қудратро тавассути зӯроварии бераҳм нигоҳ доштаем. Баръакс, моро ба нармӣ муттаҳам мекунанд”.

Сарвазир таъкид кард, ки ӯ ба курсӣ “часпидан” намехоҳад, шахсан худи ӯ ва тими ӯ бояд “дар назди мардум посух гӯянд”.

Вай афзуд: “Тақдири ин вазифа ва ояндаи роҳбарияти сиёсии кишварро бояд мардум тавассути иродаи озод ҳал кунанд ва ман ҳамчун сарвазири Арманистон худро кафили ин изҳори озодонаи ирода мешуморам”.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҳама саволҳо як ҷавоб ҳаст – баргузории интихоботи пешазмуҳлати парлумонӣ дар соли 2021.

Вай “нерӯҳои иловагии парлумонӣ ва манфиатдор” -ро барои баргузории машварат даъват кард.

Амалҳои мухолифин дар Арманистон аз 10 ноябр бо талаби истеъфои Пашинян баргузор мешаванд. Онҳо пас аз имзои созишномаи оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ оғоз карданд.

Ёдовар мешавем Арманистон ва Озарбойҷон бо миёнаравии Маскав ба мувофиқа расиданд, ки амалиёти ҷангиро комилан қатъ кунанд ва зиндониён ва ҷасадҳои мурдагонро иваз кунанд.

Ереван инчунин ноҳияҳои Келбаҷар, Лочин ва Агдамро ба Боку дод. Ғайр аз ин, дар минтақа посдорони сулҳи Русия мустақаранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад