Нигарониҳо аз ҳузури 450 ҷангҷӯи террористӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон аз истиқрори 450 ҷангҷӯи хориҷии узви гурӯҳҳои террористӣ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ахтар Муҳаммад Хайрзода, муовини волии Бадахшони Афғонистон гуфтааст, ки ин ҷангҷӯён, ки аъзои чаҳор гурӯҳи террористӣ ҳастанд, ахиран аз манотиқи Ҷурм ва Вардӯч ба ноҳияи Дарвоз дар марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон интиқол ёфтаанд ва бо Толибон ҳамкории наздике доранд.

Вай аз гурӯҳҳои Ҷамоъоти Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии туркистони шарқӣ ва Иморати исломии Қафқоз ба унвони муттаҳидони Толибон ёд кардааст, ки дар наздикии марзи Афғонистону Тоҷикистон мустақар шудаанд.

Мақомоти амнияти Тоҷикистон мегӯянд, ки теъдоде аз шаҳрвандони кишвар аъзои гурӯҳи Ансоруллоҳ ҳастанд ва давлати Душанбе бо тарафи Афғонистон дар заминаи расади фаъолияти ин гурӯҳҳо ҳамкории наздике дорад.

Коршиносон таҷаммуъи ин ҷангҷӯён дар манотиқи марзи муштараки ду кишварро барои амнияти Тоҷикистон хатарнок медонанд.

Хилватшоҳи Маҳмуд, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки вуҷӯди ин ҷангҷӯён барои амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб меояд, зеро аъзои ин гурӯҳҳо бетавваҷӯҳ ба мазҳаб ва миллияти афрод, ҳатто мардуми оддиро, ки бо афкори онон мухолиф бошанд, ба тарзи ваҳшатноке ба қатл мерасонанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад