Тир андозӣ дар Чикаго 4 захмӣ барҷой гузошт

Расонаҳои Амрикоӣ гузориш доданд, ки тайи 24 соъати гузашта бар асари тир андозӣ дар шаҳри Чикаго, чаҳор нафар захмӣ шуданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, шаҳри Чикагои Амрико, ки ҳамвора хабарҳо ва гузоришҳое аз вуқуъи ҳаводис ва ба коргирии хушунати мусаллаҳона дар он мунташир мешавад , рӯзи гузашта ( сешанбе ) низ шоҳиди ҳодисаи тир андозӣ буд.

Ба навиштаи рӯзномаи маҳаллии “Чикаго Сан Таймс”, танҳо дар 24 соъати гузашта тир андозиҳо дар сатҳи ин шаҳр чаҳор захмӣ бар ҷой гузошт.

Дар ахиртарин ҳодисаи тир андозӣ як ҷавони 23 сола дар хиёбони “Трамбли Ҷанубӣ” мавриди исобати тир қарор гирифт.

Полиси Чикаго дар ин хусус гузориш карда, ки ин ҷавон ҳудуди соати 11:10 шаб дар ҳоли қадам задан дар ин хиёбон буда, ки ногаҳон садои тирандозӣ мешнавад ва сипас эҳсоси дард ме‌кунад.

Ин ҷавон аз ноҳияи камар ва бозуи самти чап мавриди исобати гулула қарор гирифт ва бар асари ҷароҳат ба бемористон мунтақил шуд.

Дар се ҳодисаи дигар як зани ҷавон ва ду мард низ бидуни ҳеч далели мавриди исобати гулула қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи полиси Чикаго , мизони қатл дарин шаҳр дар соли ҷории милодӣ ба бештарини мизон дар панҷ соли гузашта расида аст.

Озод будани ҳамли силоҳ дар Амрико рӯзона ба бурузи хушунатҳои мусаллаҳона дар саросари ин кишвар мунҷар мешавад, ки бархе низ ҷони худро аз даст медиҳанд, аммо лобии силоҳ дар ин кишвар ба андозае қудратманд аст, ки Конгресси Амрико низ иқдоме барои маҳдуд кардани ҳамли силоҳ сурат надода аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад