Кушта шудани 13 низомии афғон дар ҳамлаи Толибон

Бархе манобе аз кушта шудани 13 низомии Афғонистон дар ҳамлаи Толибон ба шаҳристони Пули Хумрии вилояти Бағлон хабар доданд.

 

 

Ба гузориши хабарнигори сайти Афғонистон, расонаҳои Афғонистон аз кушта шудани 13 нерӯи амниятии ин кишвар дар ҳамлаи Толибон ба шаҳристони Пули Хумрии вилояти Бағлон дар маркази ин кишвар хабар доданд .

Бар асоси ин гузориш , ин ҳодиса субҳи имрӯз ( чаҳоршанбе ) ва дар ҳамлаи Толибон ба як подгони низомӣ дар шаҳристони Пули Хумри рух дода аст ва дар натиҷаи он 13 низомӣ кушта ва 5 тани дигар захмӣ шуданд .

Полиси вилояти Бағлон низ зимни таъйиди ин ҳамла дар мавриди ҷузъиёти он иттилооте ироа накарда аст .

Толбон низ дар ин маврид токунун изҳориназре накарда аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад