Таъкиди мақомоти Тоҷикистону Испания ба тавсеаи муносибот

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Испания дар тамоси телефонӣ хостори тақвияти ҳамкории мутақобили судманд байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф шуданд.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Аранча Гансалес Лайа, вазири умури хориҷа, Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкории Испания дар тамоси телефонӣ бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Яке аз мавзӯоти аслии ин гуфтугӯ ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ будаву тарафайн бар зарурати густариши бештари равобит таъкид карданд.

Бинобар гузориши маркази матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин росто тарафайн мушорикат ва пуштибонии мутақобилро муҳим унвон карданд.

Ду тараф ҳамчунин омодагии хеш барои ҳамкорӣ дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва ҳамчунин дар чорчӯби Иттиҳоди Аврупоро иброз доштанд.

Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Испания дар бахши дигаре дар мавриди иқдомоти марбут ба пешгирӣ аз густариши коронавирус дар кишварҳои худ табодули назар ва муҷаддадан бар тааҳҳуди худ барои муборизаи муштарак бо ҳамагирии корона ва паёмадҳои он таъкид карданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад