Таъкиди Русия ба Тоҷикистон барои анҷоми парвозҳои чартерӣ

Бо вуҷуди набуди парвозҳои муназзам миёни Русия ва Тоҷикистон Маскав қасд дорад, ки 50 дарсад аз парвозҳои чартериро ба ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ вогузор кунад.

Дар паи бекор кардани парвози ширкати Сомон Эйр ба Душанбе саргардонии садҳо нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик, манобеи Созмони ҳавопаймоии кишвари Тоҷикистон иллати ин нобасомониро фишори Русия ба Тоҷикистон барои анҷоми парвозҳои чартерӣ эълом карданд.

Гузоришҳо дар ин замина ҳокӣ аст Русия қасд дорад, ки 50 дарсади ин парвозҳоро ба ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ вогузор кунад ва ин дар ҳоле аст, ки ду ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр ва Тоҷик Эйр аз назари молӣ вазъи муносибе надоранд ва анҷоми парвозҳои чартерӣ танҳо манбаъи даромади онҳост.

Бар ин асос музокирот миёни Тоҷикистон ва Русия барои мушаххас кардани саҳми ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар дар парвозҳои чартерӣ идома дорад.

Ахиран Русия иҷозатномаи парвози ширкати Сомон Эйри Тоҷикистонро бекор кардааст, ки қарор буд садҳо нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик ва аъзои хонаводаҳои ононро, ки дар паи густариши вируси корона бекор шудаанд ба ватанашон мунтақил кунад.  Гуфта мешавад, ки аз баҳори имсол то авоили моҳи ноябр аз Русия 70 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик бо ҳавопаймоҳои ду ширкати Сомон Эйр ва Тоҷик Эйр ба кишварашон бозгардонда шудаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад