Афзоиши 40 дарсадии содироти маҳсулоти кишоварзӣ

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши чашмгири содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар хабар дод.

Содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аз ибтидои имсол то аввалҳои даҳаи савуми моҳи октябр 41, 7 дар сад муодили 35 ҳазору 400 тонна афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра тақрибан 91 ҳазор тонна сабзавот, 12 ҳазор тонна мева, 95 тонна харбуза, зиёда аз 14 тонна меваи хушк ва тақрибан ду ҳазор тонна дигар маҳсулоти кишоварзӣ содир карда шудааст.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон низ то 1 октябр беш аз 17 миллион долларро ташкил додааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад