Ҳимояти пурҷасорати ҷавони тоҷик аз муҳоҷири дигар ва эътироз ба пулис (видео)

Ҳимояти як ҷавони бо забони шикастаи русӣ аз як муҳоҷири дигар суҳбатҳо ва офаринҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст.

Дар гуруҳи фейсбукии “Мы, мигранты” рӯзи 1 октябр видеои баҳси як муҳоҷири тоҷик бо номи Толиб бо кормандони пулиси метрои Маскавро нашр карданд. Толиб вақте дид, ки як муҳоҷири дигари ношиносро кормандони пулис заданд, ба ҳимояти ӯ шитофт.

Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна Толиб бо лаҳни шикастаи русӣ аз пулис мепурсад, ки чаро бе ягон асос ӯро задӣ? Ҳоли пулис аз пурсуҷӯи беисти Толиб чунон танг шуд, ки ӯ ба худсафедкунӣ гузашт ва гуфт, ӯро назадааст, ин як «приём» буд, ки ҳангоми боздошт истифода бурд. Вале Толиб бо исрор ва бо такрор ба корманди пулис мегуфт, ки ҳеҷ зарурати истифодаи нирӯ набуд, вале ту ӯро задӣ!

Ғавғои баланди баҳси Толиб бо кормандони пулис дар як они воҳид издиҳоми мардумро дар назди ҳуҷраи пулис ҷамъ овард. Дар байни онҳо мардуми рус ҳам буданд ва яке аз онҳо – марди ришдори симояш аврупоӣ ба хотири кумак ба муҳоҷири боздоштшуда ҳатто зада, ба ҳуҷраи пулис даромад.

Гуля Азимова, ки ин видеои корнамоии дар воқеъ қаҳрамононаи Толибро нашр кард, ба ӯ аҳсан хондааст: “Офарин, Толиб! Маълум шуд, ки Толиб он ҷабрдидаро ҳатто намешинохтааст. Вале то метавонист ҳимоят кард, ғавғо бардошт… Ҳамватанон, бояд аз Толиб ибрат гирифт…”

Гуля Азимова баъди чанде хабар дод, ки кормандони пулис вақте ноком шуданд, ба Толиб таҳдид кардаанд, ки “мо туро меёбем ва худат медонӣ, ки баъд бо ту чӣ хоҳем кард…”

Вот так издеваются над нашими. Видео снял Толиб наш земляк. Молодец Толиб, оказывается Толиб даже не знал потерпевшего..но не смог пройти мимо чужих бед. Как смог защищал, поднял шум… Спасибо огромное Толиб. Земляки давайте жить дружно. Надо взять пример с Толиба…

Гуля Азимова навиштааст: “Вот так издеваются над нашими. Видео снял Толиб наш земляк. Молодец Толиб, оказывается Толиб даже не знал потерпевшего. но не смог пройти мимо чужих бед. Как смог защищал, поднял шум… Спасибо…

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад