Даргириҳо дар Қарабоғ ва омодагии Туркия барои кумак ба Озарбойҷон

Ёвари матбуоотии аршади Туркия иддо кард, ки Анкара барои кумак ба Озарбойҷон барои бозпасгирии минтақаи мавриди ихтилофу таниши Қарабоғ комила омодааст.

Дар остонаи баргузории нишасти Шӯрои амнияти СММ дар барои танишҳои бавуҷудомада миёни Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғ ёвари матбуоии Ардуғон гуфтааст, ки кишвараш омодаи кумак ба Озарбойҷон барои бозпасгии он минтақа аст.

Азсаргии даргириҳои марзии Озарбойҷону Арманитон бар сари Қарабоғ аз бомдоди рӯзи якшанбе оғоз шудааст ва бар асоси оморҳои манобеи хабарӣ 84 нафар бар асари ин даргирӣ кушта шудаанд.

Арбуғон, раисҷумҳури Туркия рӯзи душанбе бо мавқеъгирии расмӣ алайҳи Арманистон ва ҳимоят аз Озарбойҷон мар мавзӯи минтақаи Қарабоғ хостори ақабнишинии нерҳои Арманистон аз ин минтақа шуда буд.

Пеш аз вай, Човуш Уғлу, вазири хориҷаи Туркия ҳам бо таъкид бар ҳимоят аз Озарбойҷон дар даври ҷадиди танишҳои низомӣ бо Арманистон гуфта буд, ки Анкара барои эҷоди суҳл дар минтақаи Қарабоғ ҳар коре, ки битавонад анҷом медиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад