Исмоил Ҳания: Фаластин бо се фитна аз сӯи Амрико ва Исроил мувоҷеҳ аст

Раиси дафтари сиёсии "Ҳамос" эълом кард, ки Фаластин бо се фитнаи муштарак аз тарафи режими Исроил ва Амрико рӯ ба рӯ аст.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии “Ҳамос”, ки дар Лубнон ҳузур дорад, дар дидор бо шахсиятҳои динии ин кишвар дар Байрут эълом кард, ки Фаластин бо се фитнаи муштарак аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ва Исроил рӯ ба рӯ аст .

Вай идома дод: аввалини онҳо тарҳи “Муомилаи Қарн” аст, ки ҳадафи он зарба задан ба Қудс , паноҳандагон ва ҳувияти фаластинӣ аст .

Исмоил Ҳания тасреҳ кард: фитнаи дувум илҳоқи сарзаминҳои Фаластин ба Исроил буда ва сеюмини он низ тавофуқи номаҳои одди созии равобит аст, ки ба давлати Телавив иҷоза медиҳад то дар минтақа доманаи нуфӯзашро афзоиш диҳад .

Раиси дафтари сиёсии “Ҳамос”, бо баёни инки одди созии равобит бо режими Исроил ҳамлаи ошкор ба ҳуқуқи Фаластин аст , таъкид кард, ки Қудс тамоман дар маърази хатар буда ва бояд дар баробари тарҳҳои режими саҳюнистӣ, муҳофизат шавад .

Гуфтани аст, Исмоил Ҳания, дар чорчуби сафари 6 рӯза, се шанбеи гузашта вориди Лубнон шуд ва рӯзи панҷшанбе дар нишасти гурӯҳҳои фаластинӣ ширкат кард .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад