Эмомалӣ Раҳмон номзади ҲХДТ дар интихоботи президентӣ

Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳайси вакил аз ВМКБ дар анҷумани ҲХДТ иштирок кард, дигарбора ба мансаби президентӣ пешниҳод гардид

Абдураҳмон Хонов, раиси дастгоҳи Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон гуфтааст, ки вакилони Анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмонро номзади худ дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ интихоб карданд.

Абдураҳмон Хонов иброз дошта, ки “Нахуст номзадии Эмомалӣ Раҳмонро Зубайда Шарипова, директори мактаб-интернати кудакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе пешниҳод кард. Бақия музокиракунандагон, аз ҷумла Шукурҷон Зуҳуров, собиқ раиси Маҷлиси намояндагон, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Гулнора Тайғунова, раиси шуъбаи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карданд”.

Ба қавли раиси дастгоҳи Ҳизби халқӣ – демократӣ, дар анҷумани ҲХДТ тариқи онлайн диаспораҳои тоҷикон ва созмонҳои муҳоҷирини Тоҷикистон дар Маскав низ ширкат карда, аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуданд.

Абдураҳмон Хонов гуфтааст: “Аз ҳудуди 990 вакиле, ки дар анҷуман раъй дод, ягон нафар бетараф ё мухолифи ин пешниҳод набуд. Лозим ба ёдоварист, ки баҳсу баррасиҳо дар толор бидуни сохтакорӣ ва самимона анҷом гирифтанд”.

Дар ҳамин ҳол, пешниҳод шудани Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин интригаи интихоботӣ дар Тоҷикистонро аз миён бурд. Қаблан Федератсияи иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ номзадии Эмомалӣ Раҳмонро барои президентӣ пешниҳод карда буданд. Аммо эҳтимоли пешниҳод шудани як нафари дигар аз миён нарафта буд.

Ҳоло Ҳизби халқӣ – демократӣ, ба истилоҳ, ҳизби ҳоким, ки аксарияти ниҳодҳои ҳукуматӣ, парлумон ва дигар сохторҳои кишварро таҳти назорат дорад, номзадии ӯро пешниҳод карда, номзади асосии худро маълум намуд.

Интихоботи навбатии президентии Тоҷикистон рӯзи 11 октябр баргузор мешавад. То имрӯз 7 нафар ҳамчун номзад ба президентӣ пешбарӣ шудаанд:

1.Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон

2.Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон

3.Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон

4.Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

5.Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳамчун номзад аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон.

6.Иброҳимҷон Юсуфбеков аз Панҷакент, худпешбарӣ

7.Ф.И. Иргашов ном як ҷавон аз Хоруғ, худпешбарӣ

Эмомалӣ Раҳмон бори аввал соли 1994 президенти Тоҷикистон интихоб шуд. Баъдтар дар интихоботҳои президентии солҳои 1999, 2006 ва 2013 низ пирӯз омад. Ин бори панҷум мешавад, ки ӯ вориди сабқати интихоботи президентӣ мешавад.

Дар баробари Эмомалӣ Раҳмон қаблан, Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода, Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби демократӣ Саидҷаъфар Усмонзода ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ бошад номзадии Рустам Раҳматзодаро пешниҳод карда буданд.

Шӯрои сиёсии Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ягона ҳизби оппозитсионии расман сабтиномшуда дар ин кишвар, рӯзи 31 август қарор кард, ки аз пешбарии номзадаш ба интихоботи президентии рӯзи 11 октябр худдорӣ мекунад ва ин интихоботро таҳрим (бойкот) мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон 68 сол дошта, аз соли 1992, инак 28 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Конститутсияи Тоҷикистон роҳбарии як нафарро бо ду давраи ҳафтсола маҳдуд кардааст, вале Эмомалӣ Раҳмон қаблан бо тағйири Конститутсия, ҳаққи роҳбарии худро то соли 2020 тамдид кард ва соли 2016 бо дарёфти мақоми Пешвои миллат ҳамчунин ҳаққи пешбарии бидуни маҳдудияташ ба президентиро низ ба даст овард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад