Ҳания, созиши Аморот, хиёнат ба миллати Фаластин аст

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, тавофуқи созиши Аморот бо режими саҳюнистиро хиёнат ба миллати Фаластин донист.

 

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос дар гуфтугӯи имрӯзи худ бо расонаҳои Туркия тасреҳ кард: тавофуқномаи оддӣ созии равобити Аморот бо режими саҳюнистӣ хиёнат ба миллати Фаластин  аст ва дар сояи эътилофи мантақаӣ ба саркардагии Исроил ин тавофуқнома баста шуд.

Вай афзуд: дарднок аст, ки бархе кишварҳои арабӣ бо муомилаи қарни Амрико ба ҳадафи хориҷ кардани масъалаи Фаластин ва миллати Фаластин аз муодила ҳамроҳ шудаанд.

Ҳания тасреҳ кард: Фаластиниҳо  дар дохил ва хориҷ аз сарзамини Фаластин  оддӣ созии Аморотро намепазирад.

Вай ҳушдор дод, ки ин тавофуқнома пуле барои одди созии бештар бо режими саҳюнистӣ хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад