Трамп аз коҳиши нерӯҳои Амрикоӣ дар Афғонистон хабар дод

Раиси ҷумҳури Амрико дар мусоҳибае гуфтааст, хеле зуд теъдоди нерӯҳои Амрикоӣ дар хоки Афғонистонро ба 4-ҳазор тан коҳиш хоҳад дод.

 

Ба навиштаи хабаргузории, “Sputnik”, “Доналд Трамп”, раиси ҷумҳури Амрико дар мусоҳиба бо вебгоҳи хабарии “Axius”, аз коҳиши теъдоди нерӯҳои Амрикоӣ дар хоки Афғонистон хабар додааст.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, Доналд Трамп, дар ин мусоҳиба, ки рӯзи душанбе пахш шуд, гуфт Амрико теъдоди нерӯҳои низомии худ дар Афғонистонро ба ҳудуди чаҳор ҳазор нафар коҳиш хоҳад дод.

Вай дар идома афзуд: «мо дар муддати кӯтоҳе [теъдоди сарбозон]-ро ба ҳашт ҳазор нафар коҳиш медиҳем, баъд ба чаҳор ҳазор нафар хоҳем расид. Мо дар ҳоли музокира [дар ин бора] ҳастем».

Доналд Трамп, бо вуҷуди ироа ин ҷузъиёт, замони дақиқе барои ин тасмим эълом накард, аммо гуфт ин иттифоқ хеле зуд рух хоҳад дод.

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин дар посух ба ин савол, ки чӣ теъдод сарбози Амрикоӣ дар моҳи ноябр ва дар рӯзи интихобот дар Афғонистон хоҳанд монд гуфт: «ин теъдод чизе байни чаҳор то панҷ ҳазор нафар хоҳад буд».

Изҳороти Доналд Трамп, дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳафтаи гузашта “Майк Помпео”, вазири умури хориҷаи Амрико гуфта буд интизори Доналд Трамп ин аст, ки тамоми нерӯҳои боқӣ мондаи Амрикоӣ дар Афғонистон то моҳи майи 2021 аз ин кишвар хориҷ шаванд.

Бар асоси тавофуқи сулҳ миёни Амрико ва Толибон, ки бисту нӯҳуми феврали имсол дар Дохаи Қатар ба имзои ду тараф расид, давлати Доналд Трамп мулзам аст нерӯҳои низомии кишвари худро ба таври тадриҷӣ аз хоки Афғонистон хориҷ кунад.

Давлати Афғонистон низ бидуни инки нақше дар имзои ин тавофуқ дошта бошад, мутааҳҳид ба озодии панҷ ҳазор зиндонии То6либон барои оғози музокира байналофғонӣ шудааст.

Амрико расман маъмурияти ҷангии худ дар Афғонистонро дар авохири соли 2014 махтума эълом кард, аммо бар асоси гузориши Нию-Йорк Таймз, ҳудуди 8 ҳазор ва 600 сарбози Амрикоӣ дар Афғонистон ҳамчунон боқӣ мондаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад