Таъйиди кушта шудани Гулмурод Ҳалимов

Фармондеҳи пешини неруҳои вижаи Вазорати корҳои дохилаи кишвар кушта шуд.

Вазири корҳои дохилаи кишвар барои нахустин бор кушта шудани генерал Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини неруҳои вижаи ин вазоратхона ва яке аз масъулони низомии гуруҳи ДОИШ-ро таъйид кард.

Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: Гулмурод Ҳалимов бар асари бомбаборони маҳалли иқоматаш дар Сурия ба ҳамроҳи хонаводааш кушта шуд.

Вай таъкид кард, теъдоде аз тоҷикҳои бозгашта аз Сурия низ кушта шудани ин афсари фирории тоҷикро таъйид карданд.

Генерал Гулмурод Ҳалимови 43 сола, фармондеҳи пешини неруҳои вижаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон охирҳои апрели 2015 нопадид шуд ва охирҳои моҳи майи ҳамон сол бо интишори як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб, аз пайвастани худ ба гуруҳи террористии ДИИШ хабар дод.

Вай дар Тоҷикистон ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, узвият дар гуруҳи террористии ДИИШ ва поймолсозии савганди вафодории низомӣ таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад