Дархости Тоҷикистон аз Русия барои азсаргирии парвозҳо

Тоҷикистон ба таври расмӣ аз Русия хостааст, ки парвози ҳавопаймоҳо байни ду кишварро аз сар бигиранд.

Вазорати корҳои хориҷа дар ин бора изҳор кардааст: “Мо расман ҷониби Русия аз қарори ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди азсаргирии парвозҳо бо Русия дар ҷараён гузоштем ва ҳоло мунтазири посухи ҷониби Русия ҳастем. Дар мавриди қабули қарори азсаргирии парвоҳшо бо Русия мо аз ин зовия нигоҳ мекунем, ки ин раванд бо риояи қатъии меъёрҳои беҳдоштӣ ва талаботи зидди эпидемия бояд сурат бигирад “.

Русия ахиран эълон кард, ки аз 1 август парвозҳои байналмилалиро аз сар мегирад. Вале дар ҳоли ҳозир сухан дар бораи шурӯи дубораи парвозҳо танҳо бо се кишвар, Британияи Кабир, Туркия ва … кишвари африқоии Танзания меравад. Аз ин шумор Британия аслан марзҳои худро ба рӯи хориҷиҳо набаста буд.

Исми Тоҷикистон ҳаз дар ин рӯйхат нест. Дар ҳоли ҳозир байни Тоҷикистону Русия 10 парвози чартерӣ дар ҳафта сурат мегирад. Вале ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ҳаққи танҳо аз Русия овардани шаҳрвандони Тоҷикистонро доранд. Марзҳои Русия барои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчунон баста боқӣ мемонанд. Ин дар ҳолест, ки даҳҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон, асосан муҳоҷирони корӣ, бесаброна мунтазири боз шудани марзи Русия ва шурӯи дубораи парвозҳо бо он кишвар нишастаанд.

Мардикорӣ дар Русия манбаи асосии даромади аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳар сол аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан бо шарофати муҳоҷирони корӣ беш аз 2,5 миллиард доллар интиқол дода мешавад, ки баробари сеяки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва қариб баробари буҷаи солонааш мебошад. Дар нимаи аввали соли 2020, бино ба омори Бонки миллии Тоҷикистон, аз Русия ба Тоҷикистон 999 миллион доллар интиқол додаанд, ки назар ба айни давраи соли гузашта камтар аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад