Изҳори пушаймонии Трамп аз навиштаҳояш дар шабакаи Твиттер

Раисҷумҳури Амрико дар ҷараёни як мусоҳиба эътироф кард, ки ағлаб барои нашри навиштаҳош дар Твиттер эҳсоси пушаймонӣ мекунад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар мусоҳибаи худ эътироф кард, ки навиштан дар Твиттерро дӯст дорад, аммо ағлаб аз навиштаҳои худ пушаймон мешавад.

Трамп дар ин бора афзуд: дар гузашта номае менавиштед ва бар рӯй миз мегузоштед ва вақте, ки рӯзи баъд бозмегаштед ба худ мегуфтед “хушҳолам, ки онро нафиристодам”. Аммо чунин коре бо навиштан дар Твиттер мумкин нест.

Вай идома дод: дар Твиттер барои лаҳзае ҳисси хубе аз иқдоми худ пайдо мекунед, аммо баъд, достони телефонҳое аст, ки ба шумо мешавад ва мепурсанд “ҳақиқатан шумо будед, ки он ҳарфро задед” ва шумо дар ҷавоб мегӯед “магар чӣ ишколе дошт?” ва ба думболи он хеле чизҳо дастгиратон мешавад.

Трамп ҳамчунин муддаӣ шуд, ки дунбол кардани навиштаҳои ӯ барояш бештар дардисарсоз мешаванд то навиштаҳои худи ӯ.

Беш аз 84 миллион нафар саҳифаи Трамп дар Твиттерро дунбол мекунанд. Трамп, ки ҳеҷ раисҷумҳури дигаре ба андоза ӯ аз Твиттер истифода накардааст, ағлаб вақтҳо бо изҳороти насанҷидаи худ ҷанҷол бапо мекунад, ҳол инки вай муддаӣ аст бо навиштаҳояш ахбори ҷаълиро хунсо мекунад. Албатта, манзури ӯ аз ахбори ҷаълӣ, матолибе аст, ки расонаҳои мунтақид нашр мекунанд.

Тай моҳҳои ахир чанд бор пеш омадааст, ки Твиттер ба далели онки паёмҳои раисҷумҳури Амрико ҳовии мазомини хушунатбор буда ё аз қонуни копия пайравӣ накарда, онҳоро аз диди умум пинҳон кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад