Мафҳуми табъизи нажодӣ

Табъизи мусбат ба сиёсатҳо ва амалкардҳои ҳимоятӣ мисли эътои имтиёз ва саҳмия дар пазириши донишгоҳ ва шароити истихдомӣ ва ё ҳар бахши дигаре гуфта мешавад, ки ба ақалиятҳо ва ҳамчунин дигар гурӯҳҳои иҷтимоии осебпазир монанди занон, маълулон ва ғайра тааллуқ мегирад.

Дар соли 1961 дар зимни дастури 1095  барои аввалин бор давлати Кенеди табъизи мусбатро ба унвони бахше аз ҳуқуқи маданӣ дар дастури кор қарор дод. Дар ҳамин бора, раисиҷумҳур Линдон Ҷонсун, дастури дигареро барои ироаи барномаҳои табъизи мусбат содир кард. Ҷонсун дар яке аз суханрониҳои муҳим дар донишгоҳи Ҳорворд дар соли 1965 дар дифоъ аз масъалаи табъизи мусбат эълон дошт: “шумо наметавонед дар ҳоле, ки поҳои шахсеро солҳо бо занҷир бастаед, озод кунед ва ба хатти шурӯъи мусобиқа бирасонед ва бигӯед, ки ту озод ҳастӣ бо дигарон рақобат кунӣ! Ва ба ин сурат шумо эътиқод дошта бошед, ки адолат ва инсофро комилан риоят кардаед.”

 Фалсафаи табъизи мусбат  

Табъизи мусбат, решаҳои назарии худашро аз адолати иҷтимоӣ мегирад ва ба таври хос, шомили: адолати тавзеӣ ва адолати ҷубронӣ аст. Адолати тавзеӣ, шомили адолат дар тавзеи манобеъ ва имконот аст. Яъне дар тахсиси манобеъ ва тавзеи имконот дар ҷомеа, аз сарват ва мансабҳои умумӣ, бояд бо мардумон рафтори баробар дошт. Адолати ҷубронӣ низ қоил ба тафовут ва дар назар гирифтани мусовот бо таваҷҷуҳ ба тафовутҳо аст. Ин бахш мутобиқ бо асли дувуми назарияи адолати Ҷон Ролз маъруф ба асли тафовут аст.

Асли тафовут ба мо мегӯяд нобаробариҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ду шарт қобили қабул ҳастанд: нахуст инки нобаробариҳо, бояд махсус ба мансабҳо ва мақомҳое бошанд, ки таҳти шароити баробарии мунсифонаи фурсатҳо, дари онҳо ба рӯи ҳамагон гушӯда аст; ва дувум инки нобаробариҳо бояд бештарин судро барои маҳрумтарин аъзои ҷомеа дошта бошанд. Ба ҷиҳати сиёсӣ, ҳомиёни барномаҳои табъизи мусбат, давлатҳои рифоҳ ҳастанд, ки барои мудохилаҳои ҳимоятии худ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба нафъи афрод заифтари ҷомеа дар чорчуби адолати тавзеӣ ва ҷубронӣ, иқдомоти худашонро қобили тавҷеҳ медонанд. Нуктае, ки дар робита бо рафтори нобаробар бояд таваҷҷуҳ дошт ин аст, ки лозим аст байни насли аввали ҳуқуқи башар ва насли дувум, тафкик қоил шуд. Ҳуқуқи насли аввал, шомили ҳаққҳои маданӣ ва сиёсӣ аст, ки дар он, ҳамаи инсонҳо, баробар ингошта мешаванд ва ҳеҷ табъизе, қобили тавҷеҳ нест; ва дахолати давлат ба ҳадди ақал мерасад аммо; дар ҳуқуқи насли дувум, ки ҳамон ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳастанд, ҳамагон ба таври баробар аз он баҳра намебаранд; дар натиҷа, ниёз ба дахолати давлат дорад то дар тавзеи сарват ва имконот ба кумаки гурӯҳҳои маҳруми ҷомеа ва ақалияти заиф бишитобад.

Сиёсатҳои табъизи мусбат дар Амрико, албатта мухолифатҳое ҳам аз ҷониби муҳофизакорон доштааст дар соли 2003 , чолиши амиқе миёни либералҳои тарафдори табъизи мусбат ва давлати муҳофизакори Ҷорҷ Буш дар хусуси низоми саҳмиябандии донишгоҳҳо аз ҷумла дар донишгоҳи Чикаго буруз кард. Аммо аз онҷо, ки табъизи мусбат бар асоси ҳукми таърихии Девони олии федерал дар 25  соли пеш ба тасвиб расидааст, талоши муҳофизакорон барои лағви имтиёзҳои донишҷӯёни сиёҳпӯст ба натиҷа нарасид. Онҳо истидлол мекунанд, ки ин сиёсатҳо мухолиф бо асли баробарии мутаммими чаҳордаҳуми қонуни асосии Амрико ва навъе табъизи маъкус ба шумор меравад. Ин масъала, ки оё табъизи мусбат бо қонуни асосӣ созгор аст ё на, Девони олии Амрико назар додааст, ки эъмоли табъизи мусбат, таҳти шароити хос агар барои ҷуброни табъизҳои гузашта бошад, мутобиқ бо қонуни асосӣ аст.

 Таъсири барномаҳои табъизи мусбат

Дар ҳол ҳозир дар Амрико дар бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ, қарордоҳои паймонкорӣ, донишгоҳҳо, маҳди кӯдак, маскан ва интихоботи маҳаллӣ, шаклҳои мухталифи “табъизи мусбат” эъмол мешавад. Масъалаи муҳимтар, баррасии таъсири ин сиёсатҳо аст. Оё иҷрои сиёсатҳои табъизи мусбат дар ин кишвар, муваффақияте ба ҳамроҳ доштааст? Ва тавонистааст табъиз ва мавонеи баробариро рафъ кунад?

Ба назар мерасад барномаҳои табъизи мусбат, дар Амрико, нобаробариҳоро коҳиш додааст аммо натавонистааст ба таври комил аз миён бардорад. Мутолиот нишон медиҳад, ки сиёсатҳои табъизи мусбат, боис шудааст корфармоён, неруи кори бештареро аз ақалиятҳо истихдом кунанд; ва дастмузди болотаре ҳам ба онҳо бипардозанд; ба унвони мисол, қабл аз тасвиби қонуни мадании 1964, як коргари сиёҳпӯст камтар аз 60 дарсад аз мизони як коргари сафедпӯст дастмузд мегирифт, дар ҳоле ки дар соли 1993  ин мизон ба 75 дарсад расид. Теъдоди қозиён ва вакилони сиёҳпӯст дар кишвар аз 2/1 дарсад дар соли 1978  ба 1/5 дарсад дар соли 2000 расид. Ҳаминтавр шумораи пизишкон аз 2 дарсад ба 6/5 дарсад, шумораи муҳандисон аз 1/1 дарсад ба 5/5 дарсад ва шумораи устодони донишгоҳ аз 6/2 дарсад ба 1/6 дарсад афзоиш ёфт. Тақрибан аз ҳар 6 халабон, низ як неруи сиёҳ, ҳидояти новгони ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаро ба ӯҳда дорад. Дар бахши пазириши донишгоҳ низ маълум шуд аз вақте, ки донишкадаи ҳуқуқи донишгоҳи Тегзас, барномаи табъизи мусбатро дар пойизи 1997 аз миён бардошт, теъдоди донишҷӯёни сиёҳпӯст нисбат ба як соли пеш аз онки 65  тан буд, ба 11  нафар таназзул пайдо кард; сиёсатҳои табъизи мусбат дар Иёлоти Муттаҳида, боис шудааст фурсатҳои бештаре барои ақалиятҳои нажодии фароҳам шавад, дар кор ва таҳсил ба муваффақиятҳои нисбӣ даст пайдо кунанд ва як табақаи буржувозӣ аз сиёҳон шакл бигирад; ва ҳатто мушорикати сиёсии хубе дошта бошанд; ва болотарин вазифаҳои сиёсиро ба даст оваранд; то ҷое, ки Барак Обама як амрикоӣ- африқоитабор муваффақ шуд дар соли 2009  ба унвони раисиҷумҳур, раҳбарии давлати Амрикоро дар даст бигирад. Инки барои нахустин бор, фарде аз ақалияти нажодии сиёҳони африқоитбор тавонист ба раъси қудрати Амрико роҳ пайдо кунад. Таҳаввули бузург дар давлати Амрико, ба шумор меояд. Ҳарчанд ба назар мерасад сиёсатҳои адами табъиз дар Амрико, ба рағми чунин завоҳири демократик, натавониста баробарии воқеии ҳамагонӣ ба вуҷуд биоварад.

 Паёмадҳои нажодпарастӣ дар Амрико

Охирин назарсанҷи NBC News дар апрели 2018нишон медиҳад, ки беш аз 64 дарсади мардуми Амрико нажодпарастиро ҳамчунон як масъалаи бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ин кишвар медонанд.

Яке аз муҳимтарин паёмадҳои нажодпарастӣ дар Амрико, ду қутбӣ шудани ҷомеа аст. Ба вежа инки бархе аз сафедпӯстони амрикоӣ баъд аз пирӯзии Трамп бар мунҳасир ба фард будани худашон эътиқоди бештаре пайдо кардаанд; ва ҳамин масъала, нажодпарастӣ ва табъиз дар ин кишварро бештар кардааст. Ҳатто навъи тафаккур ва зовияи диди ақалиятҳои нажодӣ ба вежа сиёҳпӯстон дар бораи ин масъала бо сафедпӯстон тафовут дорад. Ба унвони мисол дар ҳоле, ки 87 дарсади сиёҳпӯстон фикр мекунанд дар Амрико бо табъизи нажодӣ мувоҷеҳ ҳастанд фақат 49 дарсад аз сафедпӯстон, чунин дидгоҳеро қабул доранд. Дар посух ба ин суол, ки ба назари шумо, пешдовариҳо дар бораи ақалиятҳои нажодӣ дар Амрико чиқадар ҷиддӣ аст, сафедон ва ғайрисафедпӯстон ба як гуна фикр намекунанд.

 Шароити иҷтимоӣ-иқтисодии сиёҳпӯстон дар Амрико

Дар соли 2006 Созмон иттиҳоди шаҳрӣ, ки яке аз созмонҳои мӯътабари сиёҳпӯстони Амрико ба шумор меояд, дар гузориши худ эълон кард, ки бо дар назар гирифтани шохисҳои аслӣ монанди тӯли умр, даромад, маскан, беҳдошт ва омӯзиш ва парвариш, сатҳи мутавассити зиндагии сиёҳпӯстони Амрико, муодили 72 дарсади сатҳи мутавассити зиндагии сафедпӯстони ин кишвар аст. Ба таври мушаххас, 25  дарсади ҷамъияти 37  миллионии сиёҳпӯстони Амрико зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд, дар сурате, ки 10 дарсади ҷамъияти 220 миллионии сафедпӯст зери хатти фақр ҳастанд. Ҳамчунин дар омори расмӣ, мизони бекории сиёҳпӯстон муодили 10 дарсад ва дар мавриди сафедпӯстон 4  дарсад тахмин зада шуда буд.

Муқоисаи сарват миёни сафедпӯстон ва сиёҳпӯстон дар Амрико бисёр густарда аст. Дар ҳоле, ки аз ҳар се сафедпӯст дар Амрико яке аз онҳо соҳиби хона аст, ин рақам барои сиёҳпӯстон, як нафар дар ҳар даҳ нафар аст.

Табъизи нажодӣ дар заминаи беҳдошт аз дигар мушкилоти иҷтимоӣ дар Амрико аст. Натоиҷи таҳқиқи муассисаи саломат дар соли2003  нишон медиҳад, ки амрикоиҳо бо таваҷҷуҳ ба нажод ва мазҳабе, ки доранд, хадамоти мутафовите дарёфт мекунанд.

Дар ҳоле, ки танҳо ним дарсад аз сафедпӯстон, хадамоти дармонӣ ва бимаи саломат дарёфт намекунанд, ду севуми сиёҳпӯстон яъне ҳудуди шаш миллион тан, бимаи саломатӣ надоранд. Нархи маргу мири кӯдакони сиёҳпӯст ду баробари кӯдакони сафедпӯст аст. Бар асоси омор аз ҳар ҳазор кӯдаки сиёҳпӯст, солона 11٫3 кӯдак мемиранд, ки тақрибан чаҳор ҳазор кӯдак дар сол ҳастанд. Аммо аз ҳар ҳазор кӯдаки сафедпӯст, 4٫9 дарсад мемиранд. Ҷони модарони сиёҳ низ се то чаҳор баробари ҷони модарони сафедпӯст дар хатар аст.

Дар истилоҳи ҷомеашиносӣ, манзур аз мафҳуми беадолатии иҷтимоӣ, тавзеи нобаробари қудрат, манобеъ ва фурсатҳои иқтисодӣ аст, ки бархе иддао мекунанд дар Амрико, решаи сесад сола дорад. Беадолатии иҷтимоӣ дар Амрико дар заминаҳои омӯзишӣ низ машҳуд аст. Чароки нархи бисаводӣ дар миёни сиёҳпӯстон 11,2 дарсад аст; дар ҳоле, ки ин мизон дар байни сафедпӯстон танҳо 2,5 дарсад гузориш шудааст. Бар асоси мутолиаи анҷомшуда тавассути донишгоҳи саломати умумӣ дар Бустун, дараҷае аз нажодпарастии сохторӣ дар полиси Амрико вуҷуд дорад. Як ҷавони сиёҳпӯсти амрикоӣ 21 бор бештар аз як ҷавони сафедпӯсти ҳамсинни худаш дар маърази кушта шудан тавассути полис аст.

Сиёҳпӯстони амрикоӣ, полиси ин кишварро ба унвони намоди табъиз ва нобаробарӣ дар системи қазоӣ, бекорӣ, омӯзиш ва маскан медонанд. Шӯришҳои Фергусен, ки баъд аз кушта шудани Майкел Бровн, як сиёҳпӯсти навҷавони амрикоӣ дар соли 2014 рух дод, мисдоқи айнии рафтори золимонаи полиси Амрико бо сиёҳпӯстон аст. Дар системи сиёсии Амрико низ нажодпарастӣ, комилан ошкор аст. Сохтори интихоботи “ҳама чиз барои фард барандааст” дар 48  иёлат аз панҷоҳ иёлати Амрико иҷро мешавад. Аксарияти аъзои коллеҷ, сафедпӯст ҳастанд. Аъзои Конгра низ аксаран сафедпӯст ҳастанд ва таносубе бо ҷамъияти нажодии Амрико надоранд. Ба унвони мисол дар ҳоле, ки чаҳордаҳ дарсади Амрико сиёҳпӯст ва 17 дарсад ҳиспоник ҳастанд, аммо дар Конграи соли 2016, амрикоиҳои африқоитабор, 8٫7  дарсади Конгра ва лотиниҳо, фақат ҳафт дарсади аъзои Конграро ташкил медоданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад