Фаолияти гурҳҳои терорристӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон

Дабири кули Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ нисбат ба фаолияти бархе гурҳҳои терорристии монанди ДИИШ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ҳушдор дод.

Санислав Зас Дабири кули Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ аз барномаи ин Созмон ҷиҳати баргузории тамринҳои муштараки густарда дар марзҳои Тоҷикистон хабар дод.

Вай гуфт ; қасд дорем дар соли ояндаи мелодӣ тамринҳои густардае ба манзури таҷрибаи иқдомот дар шароити даргирии марзӣ бо ширкати неруҳои Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ дар марзи Тоҷикистон баргузор кунем.

Зас дар идома ба афзоиши фаолияти гуруҳҳои терорристии монанди ДИИШ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ишора кард ва гуфт ; дар ин росто ,дар ҳоли ҳозир иқдомҳои мухталифе барои тақвияти марзи мазкур дар ин минтақа анҷом мегирад.

Вай ҳамчунин таъкид кард Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ба таври фаол бо Созмони Милалли Муттаҳид ва Созмони Амният ва кишварҳои Аврупоӣ барои ҳалу фасли мушкилоти марзӣ бо якдигар ҳамкори мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад