Захмӣ шудани як зани тоҷик дар марзи Исфара бо Қирғизистон

Бар асоси Дафтари матбуотии неруҳои марзбонии Кумитаи Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11 ҳу 55 дақиқаи 27 моҳи май Бахтибеков , шаҳрванди Қирғизистон бо нақзи тавофуқномаҳои имзошуда, ба самти Муътабархонум Шарипова сокини минтақаи Чоркӯҳи Тоҷикистон шилик кард.

Шарипова ҳамакнун дар бемористон бистари аст ва ҳоли Ӯ низ вахим гузориш шудааст.

Дафтари матбуотии неруҳои марзбонии Кумитаи Амнияти Миллии ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт ; ин иқдоми таҳрикомези сокинони Қирғизистон ба унвони талош барои бесубот кардани авзоъ дар марзҳои ду кишвар талақӣ мешавад.

Дар таи 3 рӯзи ахир ин дуввумин ҳодисаи тирандозӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад