Даргузашти узви раёсати олии ҲНИТ дар зиндон

Абдусаттор Бобоев, собиқ раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ ва узви раёсати олии ин ҳизб дар зиндони Хуҷанд фавт кард.

Мақомот сабаби фавти Абдусаттор Бобоеви 66 соларо аз бемории қалб унвон кардаанд, аммо ба гумони ғолиб аз COVID-19 фавт кардааст. Зеро аз гирифторияш ба ин вирус чанд рӯз пеш пайвандонаш огоҳ шуда будаанд.

Абдусаттор Бобоев санаи 29-уми октябри соли 1954 дар мааҳаллаи Сари Ҳисори ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Ба ҳайси мусоҳиб дар идораи Селпо (ҷамъияти масрафкунандагони русто) кор карда, дар кӯтоҳмуддат ба вазифаи сармуҳосибӣ расидааст. Бинобар ҳалолкориаш, ки дар дар як муддати кӯтоҳ миёни мардум нуфузи бисёр пайдо намудааст.

Соли 2010 вакили маҳаллаи Сари Ҳисори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ интихоб шуд. Чанд маротиба чун беҳтарин вакил ва фаъоли ҷомеа аз ҷониби мақомоти шаҳр бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ ҳам шуда буд.

Эътибори ӯ дар ҷомеъа ва мутахассиси хуб буданаш боис шуд мақомот чанд маротиба кӯшиш кунанд Абдусаттор Бобоев аз узвияти ҲНИТ даст кашад, аммо на даъват на фармон ва на таҳдидашон ҳам кор нагирифт, бо роҳи иҳонату тӯҳмат гузаштанд.

Дар мавҷи ҳабсҳои густарда дар сентябри соли 2015 Абдусаттор Бобоевро ҳам бо иттиҳоми нигоҳ доштани 24 дона тир дар манзили шахсиаш дастгир намуданд.

Ба гуфтаи наздиконаш, нимаи дувуми 22-юми сентябри соли 2015, бегоҳи иди Қурбон буд, ки чор мошин бо кормандони либоси низомӣ доштаи шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара ҳозир шуданду бо тӯҳмати нигаҳдории тир дар хона, бурданд.

Мурофиаи додгоҳ паси дарҳои баста гузашт ва касе аз вақти баргузориаш огоҳ ҳам набуд. Ӯро Бо моддаи 184 банди б  ва 307-и кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 11 сол равонаи зиндон карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад