Тақсими моски ройгон дар Тоҷикистон

Бархе ширкатҳо ва созмонҳои хусусӣ дар Тоҷикистон тақсими моски ройгонро байни мардум оғоз карданд.

Меҳмонхонае дар шаҳри Душанбе тавзеи ҳудуди 10 ҳазор моски ройгонро дар байни раҳгузарон ва муштариёни худ оғоз кардааст.

Фирӯза Ҷалилова, мудири ресторан гуфт: Мо мехоҳем ба ин равиш ҳушдор диҳем, ки риояти қавонини беҳдошт ва истифода аз москҳои муҳофиз беҳтарин роҳи ҷилавгирӣ аз шуюъи бемории корона аст.

Вай афзуд, агар бемории корона шуюъ пайдо кунад, мо ҳам муштариёни худро аз даст медиҳем, бинобарин шуруъ ба тавзеи моски ройгон кардем.

Раҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе бо иттилоъ аз ин иқдом ба ин ресторан омаданд ва аз онҳо моск дарёфт карданд.

Нодира Тоҳирова, ки дар наздикии қаҳвахона кор мекунад гуфт, ки ин иқдоми бисёр хуб ва сазовори пуштибонӣ аст.

Шоҳимардон Тоиров, ронандаи таксии хусусӣ низ, ки моски ройгон дарёфт кардааст гуфт, агар мардум дар ин рӯзҳои сахт аз моск истифода кунанд, хуб хоҳад буд.

Вай гуфт: “Ман ҳамеша бо моск сари кор меравам ва вақте онҳо моски ройгон ҳадя медиҳанд, иқдоми олӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад