Манъ мулоқоти маҳбусони тоҷик бо наздиконашон

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо ҳадафи пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус дар зиндонҳо мулоқоти маҳбусонро бо наздиконашон муваққатан манъ кардаанд. Бар асоси тартиби нав, аз 31-уми март маҳбусон наметавонанд бо наздиконашон вохӯриҳои кӯтоҳмуддат ё дарозмуддат дошта бошанд. Феълан дақиқ нест, ин тартиб то кай давом мекунад.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, рӯзи 31-уми март изҳор доштааст, ки тасмими манъи мулоқоти маҳбусон бо пайвандон барои пешгирӣ аз хуруҷи коронавирус гирифта шудааст.

Умаров афзуда, ба ҷуз аз қатъи вохӯриҳо, маҳбусон ва кормандони зиндонҳо бо ниқобҳои махсус таъмин шудаанд.

“Умаров дар идома гуфта, ки дар даромадгоҳҳо моддаҳои безараркунанда гузошта шудааст. Дар ҳолати пайдо шудани ин беморӣ, дар дохили зиндонҳо ҷойҳои махсус ташкил шудааст. Дар тамоми зиндонҳо истеҳсоли ниқобҳои махсусро ба роҳ мондем ва барои тамоми маҳбусон ва кормандони зиндонҳо ниқобҳои махсус, ки худамон истеҳсол кардем, ҷудо шудааст”.

Мақомот мегӯянд, дар дохили зиндонҳо ҷойҳои махсус омода кардаанд, ки дар ҳолати пайдо шудани бемории ҳамагири КОВИД-19, гирифторонро ба онҷо интиқол медиҳанд.

То қонуни афви соли 2019 шумори маҳбусон дар Тоҷикистон ҳудуди 13 ҳазор нафар буд, ки бар асоси ваъдаи мақомот бояд 7 ҳазори онҳо озод мешуданд. Баъд аз қабули афв маълум нест, шумораи маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон чанд нафар аст.

Мақомоти тоҷик дар ҳоле вохӯрии маҳбусон бо наздиконашонро манъ мекунанд, ки дар бархе кишварҳо барои пешгирӣ аз вируси нави корона маҳбусонро муваққатан ба хона ҷавоб доданд. Аз ҷумла, ҳукумати Эрон беш аз 80 ҳазор зиндониро муваққатан аз маҳбас раҳо кард. Мақомоти Афғонистон низ 10 ҳазор зиндониро дар пайи хуруҷи коронавирус дар ин кишвар афв карданд.

Масъулини идораи зиндонҳои Тоҷикистон мегӯянд, феълан масъалаи озод кардани зиндониён мавриди баррасӣ нест.

Дар Тоҷикистон то ба ҳол хуруҷи коронавирус, ки бемории COVID-19-ро бармеангезад, ба қайд гирифта нашудааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, сарфи назар аз ин, чораҳои пешгирикунанда тақвият бахшида шудааст. Аз ҷумла, ҳамаи парвозҳои байналмилалӣ манъ шуда, афроде, ки аз берун меоянд барои ду ҳафта ба карантин фиристода мешавад.
Бознашр аз сомонаи Озодӣ

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад