Амрико террорист ва хабистарин душмани Эрон аст!

Суханронии Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҶИЭ ба муносибати фарорсидани соли нав ва иди Мабъаси Паёмбари Аъзам (с) ба шакли мустақим аз телевизони Эрон ва шабакаҳои интернетӣ ва маҷозӣ пахш шуд.

Лозим ба зикр аст, ки маросими суханронии наврӯзии Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки ҳар сол дар рӯзи аввали соли нави шамсӣ ва дар ҳарами Имом Ризо (а) баргузор мешуд, ба сабаби тавсияҳои беҳдоштӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона имсол дар Машҳад баргузор нашуд ва тариқи мустақим ва интернетӣ пахш шуд.

Меҳварҳои суханони раҳбари инқилоби ислмӣ ба шарҳи зер аст:

* Иди мубораи Мабъасро табрик арз мекунам ва имрӯз ҷузви бузургтарин идҳои исломии мо аст, зимни инки боз иди Наврӯзро ба ҳамаи миллати азиз табрик мегӯям. Мабъас рӯзи боаҳамияте аст, ки бояд аҳамияти онро бидонем. Ин воқеа ва ҳодисае, ки Худованд аз дигар паёмбарон тааҳҳуд гирифтааст.

* Худованд аз паёмбарони бузург дар тӯли таърих тааҳҳуд гирифтааст, ки ба паёмбари бузурги ислом мисли чунин рӯзе имон оварда ва ӯро ёрӣ кунанд. Ному нишон ва хусусиятҳои паёмбари мо дар Таврот ва Инҷил таҳриф нашуда вуҷуд доштааст ва ҳатто исми Аҳмад (Паёмбар Ислом)-ро ҳазрати Исо (с) дар Таврот ишора кардаанд.

* Баъс мӯҳтавои азиме дорад, ки барои мо дар шароити имрӯзӣ корбурд дорад. Баъс ва ваҳйи илоҳӣ ҳақиқатҳоеро барои башарият равшан кардааст ва агар инсон ба ин ҳақиқатҳо имон биоварад ва бо онҳо ошно шавад, ҳаёти пок хоҳад дошт.

* Манзумаи арзиши Ислом яке аз ҳақиқатҳои биъсат аст. Мардум вазифа доранд худро ба ин арзишҳо наздик кунанд. Ин арзишҳо шомили рафторҳои фардӣ то мафоҳими умумӣ ва зиндагисоз мисли озодӣ, каромат ва адолат мешавад.

* Бархе ба ғалат тасаввур мекунанд адолат ва озодӣ аз ғарб омадааст. Ғарб бо мафоҳиме мисли озодӣ ва адолати иҷтимоӣ, 3-4 қарн аст, ки ошно шудааст, дар ҳоле ки 1400 соли қабл, Ислом ин мафоҳимро ба таври равшан дар Қуръон баён кардааст. Бо ин тафовут, ки ғарбиҳо ҳеҷгоҳ ба ин мафоҳим содиқона амал накарданд.

* Барои таҳаққуқи маорифи биъсат дар фазои ҷомеа ва буруз ва зуҳури он дар рафтори мардум ва табдили он ба василаи пешрафт, ниёз ба қудрати сиёсӣ дорад. Чун агар қудрати сиёсӣ набошад, зургӯён ва танбалҳо зери бор намераванд ва сиёҳии лашкарашон ҳам ба думболи онҳо ҳаракат мекунанд. Паёмбар(с) ҳам дар Мадина аввалин коре, ки кард, ташкили қудрати сиёсӣ ва ҳукумат буд.

* Паёмбарон душманони зиёде доранд ва вақте ҳукумат ташкил медиҳанд, душмани хориҷӣ ҳам изофа мешавад, мухолифони адолат ва озодӣ душмани паёмбар мешаванд.

* Ин ҳамон нусхае аст, ки имом Хумайнӣ(рҳ) ба он амал кард. Маориф, арзишҳо ва аҳкоми ҳамон маориф, арзишҳо ва аҳкоми Паёмбар(с) аст. Имом(рҳ) медонист имон иисломӣ дар ҷони миллати Эрон русух дорад. Қудрати имонии мардум хеле зиёд аст ва Имом(рҳ) инро медонист ва масъалаи ҳукумати исломиро матраҳ кард. Заминаи эҷоди ҳукумати исломӣ ҳам фароҳам буд; яъне ҳукумати фосид ва золиме вуҷуд дошт.

* Ҷомеаи нахустини исломӣ дар Мадина шомили ҳафт ҳашт ҳазор нафар мешуд. Ба баракати иршод, аҳком ва маорифе, ки Паёмбар(с) эҷод кард, ки рӯз ба рӯз ба теъдоди мусулмонон афзуда шуд. Дар қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ, ҷомеаи исломӣ аз ҷиҳати сиёсӣ васеътарин ҷомеа дар дунё буд. Аз ҷиҳати дониш пешрафтатарин сатҳи илмӣ ва ба ҷиҳати низомӣ, қудратманд буд.

* Агар имрӯз содиқона амал карда, кӯтаҳбинӣ ва содданигарӣ надошта бошем ва танбалӣ накунӣм, метавонем Эронро ба қуллаи сиёсӣ, низомӣ, фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодӣ бирасонем, албатта ҳадафи дури мо эҷоди тамаддуни исломӣ аст.

* Аз душманӣ бо инқилоби исломӣ набояд тааҷҷуб кард. Душманон бо ҳам алайҳи инқилоби исломӣ ҳамкорӣ мекунанд. Имрӯз душман кам надорем, аммо хабистарин душмани миллати Эрон Амрико аст. Масъулони амрикоӣ ҳам дурӯғгӯ ва паст ҳастаанд, ҳам тамаъ, золим, сангдил, бераҳм ва террорист ҳастанд. Интавр душмане дар муқобили мо аст.

* Худованд барои муқобила бо душман, дастурамал дода ва ба Паёмбар(с) тавсия ба сабр ва истиқомат кард. Сабр ба маънои нишастан ва интизори ҳаводис кашидан нест; сабр яъне муқовимат кардан ва ҳисоби худро бо найранги душман тағйир надодан ва бо рӯҳия идома додан ва собитқадам будан, ки агар бо ҳаракат бо андеша ва машварат ҳамроҳ шавад, муваффақият ҳосил мешавад.

* Ман бо қотеъият мегӯям, ки миллати Эрон миллати сабуре аст. Мо масъулин албатта гоҳе бесабрӣ кардем, вале миллати Эрон 40 сол аст сабр карданд. Бархе равшанфикрони мо ҳам бесабрӣ нишон доданд ва бархе бесабриро ба самти ҳамкорӣ бо душман ҳам бурданд. Нуқтаи муқобили он, ҷавонони мӯъмини зиёде аст, ки дар арсаи фарҳанг ва илм ва фановарӣ ва сиёсат ва байналмилал дарки дурусте доранд.

* Сабр кардан яъне таслим нашудан ва бо шуҷоат ва ақл ҷилави душманро гирифтан.

* Чанд бор гуфтам, ки кишвар бояд қавӣ шавад. Қавӣ шудан ҳам аз биъсат ва Қуръон гирифта шудааст. Қувват шомили арсаҳои илмӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, низомӣ, таблиғӣ аст.

* Имрӯз ҳифзи ҷамъияти ҷавони кишвар яке аз абзорҳои қудрат аст. Кишвари мо кишвари ҷавоне аст ва агар ин раванд идома надошта бошад чанд вақти дигар бо камбуди ҷавон мувоҷеҳ мешавем.

* фазои маҷозӣ имрӯз бар зиндагии ҳамаи мардуми дунё ҳоким аст ва қувват дар он ҳаётӣ аст. Ва ё дар беҳдошт ва дармон, ки Худоро шукр, муҳаққиқон ва пизишкон ва хубрагони мо кори зиёде дар ин замина карданд.

* Ҷаҳиши тавлид, ки матраҳ кардем низ аз абзорҳои қудрат аст. Ҷаҳиши тавлид ба абзорҳое ниёз дорад, аз қочоқ ва воридоти беравия ҷилавгирӣ шавад. Ба тавлидкунанда кумак шавад. Имсол ин корҳо бояд анҷом шавад.

* Мо имрӯз бо аворизи як бемории васеъ ва ҳамагири байналмилаӣ, ки тақрибан дар ҳамаи кишварҳои дунё машғули гирифтани талафот аст рӯбарӯ ҳастем. Ҳоло бархе ҳақиқатҳоро мегӯянд ва бархе ҳам пинҳон мекунанд. Бояд ба дастуроте, ки барои ҳифзи ҷон афрод ва кишвар ва контроли ин бемории хатарнок дода мешавад, амал кунанд.

* Ин беморӣ мушкилоти иқтисодӣ эҷод мекунад, ки Худованд мефармояд инҷо ҳам сабр лозим аст. Масъулони мӯҳтарам дар ин кор дастуроте додаанд, ки ҳама бояд ба он амал кунанд то ин бемории хатарнок дар кишвар контрол шавад.

* Амрикоиҳо чанд бор токунун гуфтанд, ки мо ҳозирем аз ҷиҳати дармону дору кумак кунем. Фақат шумо аз мо бихоҳед то мо кумак кунем. Ин ҷузви он ҳарфҳои бисёр аҷиб аст, ки ба мо мегӯянд аз мо бихоҳед. Аввал инки шумо худатон дучори камбуд ҳастед ва инро худи масъулони амрикоӣ мегӯянд. Дуввум инки шумо муттаҳамед, ки ин вирусро шумо тавлид кардаед. Ман намедонам чиқадар ин иттиҳом ҳақиқӣ аст, вале вақте чунин иттиҳоме вуҷуд дорад, кадом одами оқиле барои кумак аз шумо дархост мекунад? Ба шумо эътимоде нест.

* Таҷрибаи 40 сола нишон медиҳад, ки кишвар зарфияти муқобила бо масоил ва чолишҳоро дар ҳар сатҳе дорад.

* Дастуроти ситоди миллии муқобила бо коронаро иншоаллоҳ ҳама амал кунанд. Ҳатто иҷтимооти динӣ дар кишвар таътил шуд, ки дар таърихи мо ба ин шакл бесобиқа аст, ки ҳатто ҳарамҳо ва намозҳои ҷумъа таътил шавад, вале чорае набуда ва маслиҳат ингуна будааст.

– Худованди Мутаол бо хосту иродаи илоҳӣ ин балоро аз сари миллати Эрон ва ҳамаи миллатҳои мусулмон ва ҳамаи мардуми ҷаҳон кам кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад