Ҳизби Ислом, аз дастгирии доктор Самадов то маҳкумияти ҷонишини ҳизб

"Ҳизби Ислом" аз ҷумла аҳзобе буд, ки бо муҷаввизи Вазорати додгустарии Ҷумҳурии Озарбойҷон, фаъолияти сиёсии худро, бо гароишҳои исломӣ дар соли 1992 ба роҳбари Ҳоҷӣ Алӣ Икром Алев оғоз кард ва бо шиорҳо ва мавзеъгириҳои исломӣ ба фаъолият пардохт.

Аъзои ин ҳизб хоҳони густариши фарҳанги исломӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон буда ва барои ҳифзи истиқлоли иқтисодӣ ва сиёсии Озарбойҷон, таҳти ҳокимияти қонунҳои исломӣ муборизаҳояшонро оғоз карда буданд ва ҳаргуна нажодпарастии қавмиро рад карда ва шиори густариш ва тавсеаи фарҳанги исломиро дар раъси барномаҳои худ қарор доданд.

Густариши равобит бо кишварҳои исломӣ ба ҷои таваҷҷуҳ ва гароиш ба кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла хостаҳои аслии “Ҳизби Ислом” мебошад. Дидгоҳҳои исломӣ ва зидди ғарбии роҳбарони ин ҳизб боиси ҳассосияти низоми лоик ва ғарбгарои ин кишвар бо 98 дарсади мусулмон ва болои 85 дарсад шиамазҳаб нисбат ба фаъолиятҳои ин ҳизб шуд то ҷое, ки фаъолияти ин ҳизб дар соли 1996 тавассути ҳукумат бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ шуд ва теъдоде аз роҳбарон онро зиндонӣ ва теъдодеро ҳам маҷбур ба муҳоҷират намуд. Аз он сол фаъолитҳои “Ҳизби Ислом” бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ будааст.

Бо эъмоли маҳдудиятҳои фаровон алайҳи ин ҳизб тайи беш аз як даҳаи гузашта, натанҳо фаъолиятҳои ин ҳизб коҳиш наёфта, балки ба сабаби бофти ҷамъиятии ин кишвар, ҳимоятҳои мардуми мусулмони Ҷумҳурии Озарбойҷон аз Ҳизби Ислом афзоиш ёфтааст. Пуштибонии мардумӣ аз Ҳизби Ислом боиси тақвияти ангезаи фаъолиятҳои роҳбарони ин ҳизб дар ҳаракатҳои исломии худ шудаанд то ҷое, ки бархе аз иқдомоти ин ҳизб дар раванди сиёсатҳои давлат муассир воқеъ шуда ва дар баъзе вақтҳо ҳам давлат ба сабаби пойгоҳи мардумии ҳизб, маҷбур ба ақибнишинӣ аз сиёсатҳои зиддидинии худ шудааст.

Дар миёни аҳзоб озарӣ, Ҳизби Ислом бештарин вокунишҳоро нисбат ба бозгардондани заминҳои ишғолии Ҷумҳурии Озарбойҷон аз Арманистон тайи чанд соли ахир аз худ нишон додааст. Бояд гуфт аҳзоби озарӣ умдатан бо мусоидати ҳизби ҳоким яъне Озарбойҷони навин ва ё таъмини молии бегонагон дар арсаи сиёсӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Озарбойҷон фаъолият мекунанд. Дар ҳоле, ки Ҳизби Ислом бо кумакҳо ва ҳимоятҳои мардумӣ дар саросари Ҷумҳурии Озарбойҷон фаъолият дорад ҳатто дар замонҳое, ки давлат ба аҳзоби сиёсии ин кишвар кумаки молӣ кардааст, Ҳизби Исломро аз ин кумакҳо маҳрум сохтааст.

Яке аз ҳаракатҳо ва фаъолиятҳои ҷиддии Ҳизби Ислом дар мухолифати сареҳ бо мавзӯи манъи ҳиҷоб дар мадрасаҳои духтаронаи ин кишвар буд. Доктор Муҳсин Самадов, роҳбари Ҳизби Ислом дар таърихи 7 январ 2011 тайи як суханронӣ дар ҷаласаи Ҳизби Ислом, сиёсатҳои давлати Бокуро ёдовари сиёсатҳои Муовия ва Язид дониста ва бо интиқоди шадид аз давлати Илҳом Алиев, иқдомоти давлатро бо сиёсатҳои соли 1937 коммунистҳо муқоиса карда буд. Пас аз ин суханронӣ дар соли 1389 додгоҳи олии ин кишвар Ҳоҷӣ Муҳсин Самадовро ба ҷурми дӯруғини ҳамли силоҳ ва маводи мухаддир ба муддати 12 сол ба ҳабс маҳкум кард. Мавозеи ғайри қобили тағйири Ҳизби Ислом ва мавҷи ҷадиди дастгириҳо имрӯз ҳам Илҳом Алиев, ҷонишини Ҳизби Ислом, ки дар моҳҳои гузашта мавзеъгириҳое алайҳи тарҳи амрикоии Муомилаи қарн ва ҳамчунин дар ҳимоят аз ҷабҳаи муқовимати исломӣ доштааст, баъд аз дастгирӣ ба суръат муҳокима шуда ва ба чаҳор моҳ боздошти муваққат маҳкум шудааст.

Илҳом Алиев ҷонишини Ҳизби Ислом дар тӯли муддати фаъолияти худ дар ин ҳизб, ҳеҷ иқдоми ғайриқонунӣ ва хилофи қоидаҳо ва қавонини Ҷумҳурии Озарбойҷон анҷом надодааст ва боздошти ин рӯҳонӣ, иқдоми ғайриқонунӣ алайҳ ишон ва нақзи ҳуқуқи инсонӣ ва мухолиф бо демокрасӣ унвон мешавад. Шурӯи муҷаддад бархурдҳои ғайримантиқӣ ва ғайриқонунӣ бо исломгароён дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ёдовари рӯзҳое аст, ки ҳокимияти ин кишвар бидуни далел ва бо тарҳи иттиҳомоти воҳӣ ҳамчун ҳамли маводи мухаддир ва силоҳ, рӯҳониёни саршиноси ин кишварро зиндонӣ мекард.

Лозим ба тавзеҳ аст, ки додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо чанде пеш, Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба хотири нақзи ҳуқуқ ва зарари маънавӣ ба доктор Муҳсин Самадов, ки ба иллати як суханронии ҳизбӣ дар соли 2011 ба зиндон маҳкум шудааст, чаҳор ҳазор евро ҷарима карда буд, ки санаде дигар аз иттиҳомзаниҳои воҳии давлати Алиев ба исломгароён мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад