Ҷинояти режими саҳюнистиро бепосух боқӣ намегузорем

Сухангӯи ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин дар вокуниш ба ҷинояти ахири режими саҳюнистӣ гуфт: ҷинояти режими саҳюнистиро қатъан посух медиҳем.

Мусъаб Прим, сухангӯи ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин таъкид кард, ки ҳеҷ ҳарфу ҳадисе дар мавриди талоши тарафҳои миёнҷӣ ҷиҳати оромсозии авзоъ дар Ғазза матраҳ нест.

Бар асоси ин гузориш, вай изҳор дошт, ки муқовимат комилан дар ҳолати омодабош аст ва қатъан ҷинояти ахири душмани саҳюнистиро посух хоҳад дод.

Гуфтанӣ аст, ки режими саҳюнистӣ шаби гузашта пойгоҳҳои ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ дар Ғазза ва Димишқро ҳадаф қарор дод, ки таи он ду муборизи гурӯҳонҳои Қудс ба шаҳодат расида ва шуморе дигар захмӣ шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад